Интихобот моҳиятан нишондоди иродаи одамон ба олами ҳастӣ ва арзишҳои иҷтимоӣ мебошад. Инсоният аз давраи ибтидои камолоти хеш, барои афзалият додан ба ин ё он арзиш, ҳатто дар интихоби этиқоди динӣ озод буд ва ин меъёр то ба ҷомеаи имрӯзӣ арзиши худро гум накардааст.
Дар ҷомеаи демкоратӣ интихобот ҳамчун индикатори асоси рушди он ба шумор меравад, зеро интихобот, ягона равандест, ки тавассути он шаҳрвандон намояндагони худро интихоб мекунанд. Интихобот воситаи муҳими иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат буда, дараҷаи шуурнокии сиёсӣ ва фаъолнокии шаҳрвандонро рушд медиҳад. Интихобот метавонад ҳамчун механизми муттаҳидкунандаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ хизмат кунад ва ҳамкории онҳоро тақвият бахшад. Интихобот ифодагари принсипҳои демократия, озодӣ ва баробарӣ дар ҷомеа мебошад ва демократия ҳамчун шакли низоми сиёсӣ ва идоракунӣ ташкили шароити мусоид барои иштироки васеи мардум дар раванди идоракунии ҷомеаро ифода намуда, халқро ҳамчун манбаи ҳокимият эътироф менамояд. Маҳз аз ҳамин тараф он асосҳои қавии таърихию сиёсӣ дошта, низоми махсуси арзишҳоро дар бар мегирад. Демократия иштироки васеи оммаи мардумро дар таъсиси ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии ҷомеа кафолат дода, моҳияти аслии он таъмини мардумсолорӣ мебошад. Ин нуктаро Файласуфи фаронсавӣ Жан-Жак Руссо боадолатона дарҷ намуда буд, ки «Суверенитет ё ҳаққи идоракунӣ танҳо дар дасти мардум аст ва ҳеҷ кас набояд онро ғасб кунад. Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки дар интихобот иштирок намуда, озодии худро ҳифз намояд».
Яъне метавон гуфт, ки Интихобот яке аз нишона ва унсури асосии ҷомеаи демократӣ мебошад. Он воситаи муҳими таъмин намудани иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути интихоботи озоду шаффоф шаҳрвандон метавонанд иродаи худро ифода кунанд ва роҳбаронеро интихоб намоянд, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоят мекунанд.
Дар шароити кунунӣ интихобот, яке аз усури асосӣ ва меҳварии давлатҳои ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократи ва ҳуқуқбунёд, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ интихоботро механизми асосии идоракунии давлат дар саргаҳи сиёсати худ қарор дод ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои демократӣ бунёд гардида ба ирода ва интихоби мардум ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо арзиши махсус қоил аст. Ин нуктаро мо дар таълифоти аксарияти пажуҳишгарони ватанию хориҷӣ дида метавонем. Масалан, дар таълифоти профессор Раҳмон Д.С. оварда шудааст, ки “Оне ки инсон ва ҳуқукҳои ӯ арзиши олӣ доранд, инсон ченаки ҳамаи чизҳост, ҳама гуна қуваҳо бояд назди ҳуқуқи инсон ходим бошад, ки ин дар муҳити илмӣ ва амалияи Тоҷикистони кунунӣ ҳақиқати бебаҳс аст”.
Дар воқеъ инсон арзиши олӣ дорад ва Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба чунин арзишҳо бунёд гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият ба шумор меравад ва ин нукта дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифода ёфтааст, “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Аз ин меъёри конститутсионӣ маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ҳокимият ба халқ тааллуқ дошта, интихоби намояндагоне, ки аз номи халқ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд, аз ҷониби шаҳрвандон сурат мегирад.
Интихобот на танҳо институтҳои давлатиро тақвият мебахшад, балки дар шаҳрвандон ҳисси масъулиятро барои ояндаи кишвари худ тарбия мекунад. Иштирок дар овоздиҳӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ бошанд, нуктаи назари худро баён намоянд ва ба қарорҳои қабулшуда таъсир расонанд. Интихобот ҳастии демократия ба ҳисоб рафта, қонунияти қудратро таъмин намуда, барои рақобати сиёсӣ шароит фароҳам меорад. Бе интихоботи озод ва одилона ҷомеаи муосири демократиро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар як шаҳрванде, ки дар интихобот иштирок менамояд, дар таҳкими демократия, рушду инкишофи давлат ва ташаккули ояндаи миллат саҳми худро мегузорад. Огоҳӣ аз аҳаммияти интихобот як қадам ба сӯйи ҷомеаи одилона, кушода ва устувор аст.
Дар ростои маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихобот ҳар яки моро лозим аст, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуда, дар он иштирок намоем, раъйи худро барои ободии меҳан ва суботи сартосарӣ ба намояндаи арзандаву умедбахши мардум диҳем. Тавре яке аз чеҳраҳои сиёсӣ мефармояд, “Овоз додан на танҳо ҳуқуқ, балки як масъулият аст”. (Франклин Делано Рузвелт (1882–1945) – Президенти ИМА)
Яъне ҳар яки мо бо дарки масъулият ифтихорманд аз он бошем, ки дар чунин маъраки ҳаётан муҳими сиёсӣ иштирок варзида, раъйи худро барои ояндаи худ ва давлати худ медиҳем.
Ғаюров Лоиқ-доктор фалсафа (PhD), мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ