Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

by admin
38 views
Имрӯз (14.02.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистика баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи журналистика, дотсент Алишери Абдулмаҷид, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Қаюмова Мубина, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедра Одинаева Марҳабо ва ҳайати дигари омӯзгорон, магистрантону докторантони PhD-и кафедра ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Нахуст маҳфилро мудири кафедра, дотсент Алишери Абдулмаҷид оғоз намуда, оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот доданд.
Сипас, Нигораи Ҷурахон донишҷӯи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Этикаи истифодаи қоидаҳои забонӣ аз ҷониби рӯзноманигорон” ва Ризозода Субҳия донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Инъикоси чорабиниҳои омӯзишӣ дар қолаби жанрҳои хабарӣ” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment