Дар таърихи 14.02.2025 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Олами иқтисод”-и назди кафедраи назарияи иқтисодӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Маҳфил бо сухани роҳбари маҳфил Давлатова Рухсора оғоз гардид.
Дар маҳфил Сайраҳмадзода Меҳрдод- донишҷӯи курси якуми ихтисоси молия ва қарз дар мавзуи “Таҳлили вазъи иҷтимоии минтақа дар доираи рушди устувор (дар мисоли вилояти Хатлон)” ва Асозода Лутфулло- донишҷӯи курси якуми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзуи “Иқтисодиёти рақамӣ-омили рушди иқтисодиёти муосир” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба охир расид.