Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

by admin
52 views
Санаи 12.02.2025 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус мизи мудаввар дар мавзуи “Роҳ ва усулҳои таълиму омӯзиши забони муосири рус дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифзода Одинамо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи забони муосири рус Нурматова Зарина, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёну магистрантон иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки: “Омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои муҳими таҳсил ба шумор меравад. Забони русӣ на танҳо барои муошират, балки барои таҳсил, таҳқиқот ва рушди касбии донишҷӯён низ муҳим аст”.
Сипас, ассистенти кафедраи забони муосири рус Нурматов Ёқуб дар мавзуи “Усулҳои нави таълим дар дарсҳои забони русӣ дар донишгоҳҳои ғайризабонӣ” ва магистранти курси дуюми кафедра Саидова Маликабону дар мавзуи “Истифодабарии усулҳо ва технологияҳои инноватсионӣ дар дарсҳои забони русӣ ва адабиёт” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар идома, иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба мавзуъҳои баррасишуда табодули афкор намуда, пешниҳоду фикрҳои худро баён карданд. Чорабинӣ бо баҳсу мунозираҳои судманд, натиҷагирии маърӯзаҳо ва тавсияҳо барои беҳтар намудани усулҳои таълими забони русӣ ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment