Халқи тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофару фарҳангдӯст қарнҳост бо андешаҳои олии созандаву бунёдкоронаи худ намунаи ибрат мебошад. Гузаштагони мо баҳри пойдории сулҳ ва бақои мардуми худ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва тамаддуни оламгирро ба мо мерос гузоштаанд.
Бо гузашти солҳо халқи мо аз нав соҳиби давлати мустақил гардид. Дубора фарҳанги бойи мо эҳё гардида, заминаи муосиди корӣ ва зисту зиндагонӣ фароҳам омад.
Дастоварди бузургтарини халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон буда, ин дастовардҳо маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
Бар ин назарем, ки ҳар як шахс бояд аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намояд.
Мардуми шарафманди тоҷик аз рӯзи ба имзо расидани Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо ифтихори тамом худро соҳиби бахту саодат ва истиқлолияти комил медонад, вале ҳеҷ гоҳ боиси фаромӯшӣ нахоҳад буд, ки ин муъҷизаи беҳамтои ҳаётӣ бо саъю кӯшиш ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешаи ҳамидаи дӯстию ҳамбастагии мардуми тоҷик муяссар гардид. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардумро рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Пешвои миллат дар назар дорад ва ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додааст, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст ва мо аз ин мефахрем. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз ободу зебо мешавад. Иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост, сулҳу ваҳдат падидор аст.
Шоистаи таъкид аст, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвар қарор дорад ва баҳри рушди ин соҳа мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, барои баланд гардидани маънавиёти ҷомеа ҳамаҷониба талош мекунад. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф густариш ёфт. Ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат аҳли маорифро ба таълиму тарбия дилгарм менамояд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ зиёд вусъат пайдо намуда, теъдоди зиёди мактабҳо мавриди истифода қарор мегиранд.
Хулоса, бо итминони комил метавон гуфт, ки фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик бо дарки масъулияти баланд дар ободу зебо гардонидани ватани азиз саҳмгузор мебошанд. Танҳо дар ин роҳ, масъулият ва ҷаҳду талош карданамон лозим аст.
Одинаева Гулбону-дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ