Бо чунин ном имрӯз (11.02.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати устодону донишҷӯён дар ҳошияи баргузории интихоботи вакилони халқ — 2025 баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37-Саодат Абдулҳакимзода, муовинони ректор, ҳайати устодон ва сардорони гурӯҳҳои таълимии донишҷӯёни муассиса, ки бори аввал дар интихобот иштирок намудаву баҳри ободӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб овоз медиҳанд, иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 қабул гардид, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъйин карда шуда, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардид. Ҳамчунин муайян гардид, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 2 марти соли 2025 гузаронида мешавад. Он ҳамчун маъракаи муҳими сиёсиву падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ ва унсури давлати озоду обод вазифаҳои гуногун дошта, дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро намуда, мақсад, зарурат, ташкил ва баргузории интихоботро, қабл аз ҳама, таъмини субот ва ҳамгироӣ, умумигардонии манфиатҳо, ташкил ва назорати ҳокимият, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва ғайраҳо ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин ишора рафт, ки интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Инчунин, дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд. Интихобот ҳамчун унсури муҳими ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандони мамлакат, ташаккул ва таҳкими системаи сиёсӣ ва амалӣ гардондани ҳокимияти мардум нақши бузург дорад.
Дар идома тибқи барномаи ҳамоиш Исозода Парвиз Асадулло, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзуи “Низоми интихоботӣ ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Каримҷонзода Манучеҳр Каримҷон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Интихобот ва нақши он дар ҷомеаи муосир” ва Ғаюров Лоиқ Шералиевич, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси фалсафа, дотсент, мудири кафедраи фалсафа доир ба мавзуи “Нақши интихобот дар рушди ҷомеаи демократӣ: таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ” маърӯзаҳои ҷолиби диққатро ба самъи ҳозирин расониданд.
Баромадкунандагон бо фаҳмонида додани моҳият ва зарурати интихобот ба иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор ва баҳодурона гузошта истодааст. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имконеро ба вуҷуд овардааст, ки тавонанд дар ташаккул ва амалӣ гардонданӣ ҳокимияти худ аз он истифода намоянд.
Баъд қисми асосӣ дар бахши музокира дотсент Муродова Гулчеҳра, муаллимони калон Валиева Саъбагул ва Азизаи Нурулло ба сухан баромада, нақши ҳамоишро дар баландбардории донишҳои сиёсии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин донишҷӯён доир ба масоили гуногун дар робита ба интихобот саволҳо бешниҳод намуда, заминаи донишҳои худро мустаҳкам намуданд.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид,
рӯзномаи “Анвори дониш”