Санаи 10.02.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии илмӣ-эҷодии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Қаюмова Мубина, инчунин донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Маҳфилро профессор Ашурова Нодира ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил шинос намуданд.
Дар идома, донишҷӯёни факултет маърӯзаҳо худро ироа карданд. Донишҷӯи курси дуюм Сафарзода Саида бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Фарҳанги либоспӯшии занон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ» баромад намуд. Ҳамчунин, донишҷӯи курси якум Гулбии Қурбоналӣ дар мавзуи «Бозтоби истифода аз атриёту хушбӯйиҳо дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ» суханронӣ кард.
Маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳои ҷолиб миёни иштирокдорон идома ёфт. Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва самимона сурат гирифт ва иштирокдорон аз муҳтавои он баҳравар гардиданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳфили «Шоҳномахонӣ» ҳар моҳ як маротиба баргузор гардида, баҳри рушди дониш ва тафаккури адабии донишҷӯён мусоидат мекунад.