Home ХАБАР КОНФРОНС. ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

КОНФРОНС. ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

by admin
54 views
Таҳти унвони мазкур санаи 10.02.2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конфронси мазкур тибқи Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 80-солагии Донишгоҳ ва 11-уми феврал «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» доир шуд.
Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самаридинова Зайнаб, раиси Шурои занони донишгоҳ Рузиева Барно, ҷонишини декан оид ба тарбия Ашурова Саодат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Самариддинова Зайнаб суханронӣ намуда, қайд намуданд: “Занон дар тӯли таърих нақши муҳим дар рушди илму фарҳанг гузоштаанд. Бо вуҷуди монеаҳои зиёде, ки дар давраҳои гуногун вуҷуд доштанд, онҳо тавонистанд дар илмҳои гуногун — аз математика ва физика то тиб ва муҳандисӣ — саҳми назаррас гузоранд”.
Сипас, раиси Шурои занони донишгоҳ Рузиева Барно ба сухан баромада, иброз доштанд, ки занон дар рушди илм ва технологияи муосир нақши муҳим доранд. Дастгирии онҳо метавонад ба пешрафти босуръати илм мусоидат кунад. Барои ноил шудан ба баробарии ҷинсӣ дар илм, ҷомеа бояд шароити мусоид фароҳам орад ва духтаронро ба омӯзиш ва таҳқиқот ҳавасманд созад. Дар идома муаллими калони кафедраи илмҳои комютерӣ Шоҳсанами Ризо дар мавзуи “Ҳурмати модар-вазифаи муқаддаси фарзанд”, донишҷӯёни курсҳои якуми факултет Ахмедзода Махфират дар мавзуи “Хусусиятҳои сарварии занон дар замони муосир” ва Хокироҳзода Меҳрона дар мавзуи “Занон-пешоҳанги ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Иброз гардид, ки дастгирии занон дар илм ва технология бояд яке аз авлавиятҳои асосии ҷомеа бошад. Пешниҳод гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи иштироки духтарон дар соҳаҳои илмӣ, чорабиниҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва барномаҳои дастгирии истеъдодҳо бештар роҳандозӣ карда шаванд.

Related Articles

Leave a Comment