Мардуми шарифи Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, ки дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ самимона истиқбол намуданд.
Воқеан, Паём — пайки шодӣ, аз дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, раҳнамои беҳтарин ба суйи ҳаёти осиштаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвари маҳбубамон — Тоҷикистон мебошад.
Паёми имсола, исботгари муваффақиятҳои беназир дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон, хоса сатҳи зиндагии шоистаи аҳолӣ то ба рушди иқтисодиёт дар замони пуртазоди ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
Соли 2024 дар мамлакат, 30 — юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҷашн гирифта шуд, ки хурду бузурги мамлакат аз қабули Конститутся — ҳамчун санади тақдирсози давлат ифтихор намуда, тамоми муввафақияту музаффарият ва дастовардҳои замони собиҳистиқлолии мамлакатро аз қабул гардидани Конститутсияи мардумӣ шабоҳат медоданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Паёми навбатиашон ба Маҷлсис Олӣ доир ба қабули Конститутсия ва нақши он дар рушди давлатдории миллӣ ибрози андеша намуда, баён доштанд, ки “Консиятутсия заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам намудааст”.
Инчунин бо ифтихор иброз намуданд, ки “Кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст”.
Дар муддати начандон тўлонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тақвият бахшад, тавассути Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва таъсиси парламенти касбиро таъмин намояд.
Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад.
Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо иродаи халқ аз дасти як гурӯҳ ба дасти гурӯҳи дигар мегузарад. Самаранокии интихобот ва аз тарафи ҷомеа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ гуфта шуд, ки муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба охир мерасад. Президени кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон истиқбол намуд. Инчунин, қайд карда шуд, ки бо фармони Президенти мамлакат аз 4-уми декабри соли 2024 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 2-юми марти соли 2025 таъин гардид. Таъкид карда шуд, ки интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.
Ҳамин аст, ки зимни баргузории ин маърака “интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд” (моддаи 5 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”).
Интихоботе, ки бидуни ҳама гуна фишороварию қонуншиканӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор мегардад, иштирок дар он вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат буда, маҳз иштирок дар интихобот саҳми мо — шаҳрвандон дар таъмини ояндаи босуботи давлат ва василаи ширкат дар ташаккули фаъолияти пурсамари мақомоти давлатӣ мебошад. Зеро мо бо иштироки фаъолонаамон дар интихобот метавонем, ба воситаи баёни ирода ва интихоби кардаамон ба фардои неки фарзандони хеш ва насли ояндасоз замина гузорем.
Ҳар яки мо бояд хуб дарк намоем, ки воқеан иштирок дар маъракаи интихобот рисолати муҳим дар назди миллат ва давлат буда, овози ҳар як шаҳрванд дар он ҳалкунанда мебошад. Интихобкунанда метавонад, бо истифода аз андешаи комил, рушди тафакури маънавӣ, ҷаҳонбинӣ ва рушду тараққиёти босуръати кишвар, таъмини амнияти миллию суботи комили ҷомеа ва шароити созгори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ номзади арзандаи худро интихоб намояд ва бояд мутмаин бошад, ки интихоби дурусту оқилона метавонад ба сўи муваффақияту музаффариятҳои бемисл дар оянда роҳ кӯшояд.
Ҷавонон ва нақши онҳо дар раванди давлатсозӣ арзишманд буда, қишри муҳими давлату миллат маҳсуб меёбанд. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар, самти фаъолияти ҷавонон ва нақши боризи онҳо дар рушди давлатдории миллӣ махсус таъкид гардида, гуфта шуд, ки “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.
Ҷавонони матинирода ва сарбаланди тоҷик бо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳушёрию зиракӣ, баҳри ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, пос доштани обу хоки ин сарзамини биҳишосо бо диди нав ба фардои дурахшони мамлакат иштирок дар интихоботро ҳамчун василаи ширкат дар ташаккули мақомоти давлатӣ меҳисобанд ва дар ин самт саҳми арзандаи хешро дар раванди давлатсозию давлатдорӣ ва ба таври шаффофу одилона барпо гардидани ин маъракаи сиёсӣ мегузоранд.
Бо дарназардошти фарогир будани ҳаёти рўзмарраи онҳо имрўзҳо иштироки фаъолу муташаккилонаи ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, махсусан интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин вакилони ҷамоатҳо аз садоқати баланд ба миллату давлат ва пайравӣ аз ташаббусҳои бузург, баҳри ояндаи боз ҳам орому пешрафта ва ободу зебо ва дилрабо гардонидани ин кишвари биҳиштосо шаҳодат медиҳад.
Дар асл, нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ, рушди созандагию бунёдкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон — Тоҷикистон назаррас буда, ташаббусҳои созанда, онҳоро водор ба он месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъол бошанд ва дар таъмини суботи ҷомеа баҳри фардои дурахшони миллату давлат камари ҳиммат банданд.
Интихобот яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва иродаи халқ дар назди давлат маҳсуб меёбад, насли ояндасози кишвар, яъне ҷавонон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати муташаккилона баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ, иштироки фаъолона намуда, бо интихоби дурусти номзади арзандаву содиқ ба миллату давлат ба ояндаи дурахшони кишвар қадамҳои устувор мегузоранд. Таърих, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар гувоҳ аст, ки иштироки фаъоли ҷавонон бо ҳушёрию зиракӣ ва даки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат дар раванди давлатдорию давлатсозӣ нақши муассир гузошта, онҳо дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Таъмини амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳамияти аввалиндараҷа дошта, нақш ва мавқеъи устувори ҷавонон дар рушди суботи сиёсӣ ва амнияти миллату давлат муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷавонон дар амалисозии ҳама ташаббусҳои давлату Ҳукумат нақши пешсаф ва ибратбахш доранд. Ин навбат низ онҳо метавонанд ба парчами ватандориву ибтикорот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда дурахши тоза бахшида, баҳри ояндаи дурахшону шукуфоии Ватан, ки масъулияти он бар дӯши насли ҷавони мамлакат вогузор аст, пешсаф бошанд.
Шоҳзод Раҳимзода — унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе