Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия ҳамоиши онлайнии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами адабиёти ҷаҳон” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни Россияву Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз ҷумла, омӯзгорону донишҷӯёни факултети филологияи руси донишгоҳ дар кори ҳамоиш бо маърӯзаҳо баромад карда, дар музокирот ва баҳсҳои илмӣ хеле фаъол буданд.
Дар чорабинӣ маърузаҳои дотсенти кафедраи адабиёти ДДОА ФР Абузова Н.Ю. дар мавзуи “Особенности художественного мира азиатско-американской писательницы Эми Тан”, омӯзгори мактаби давлатии махсуси ш. Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Заидова В.М дар мавзуи “Обзор мировой литературы в школьной программе с узбекским языком обучения” ва муаллими калони кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР-и Донишгоҳ Салихова Лутфия дар мавзуи “Особенности подготовки учителя литературы, обучающего на русском языке, для национальных школ в Таджикистане” маърӯзаҳои худрот ироа намуда, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар музокирот ҳамчунин муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова ва дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР Ашуров Азамат баромад намуда, роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои судманди илмиро бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид рафт, ки тибқи нақшаи муштарак бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия то анҷоми соли таҳсил баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатию илмӣ бо ширкати омӯзгорону донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дар назар аст.