ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ФАЗОИ РАҚАМӢ: ТАҲДИДҲО ВА МУҚОВИМАТ
Ҳусайнзода Аминҷон Бурихон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), интернет ва платформаҳои рақамӣ ба унсури калидӣ дар ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар табдил ёфтаанд. Дар натиҷаи ин пешрафтҳо, имкониятҳои ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ тавассути интернет васеъ истифода мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои маллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудааст, ки рушди ТИК, хусусан интернет, яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Ҷаноби олӣ таъкид мекунад, ки паҳншавии интернет дар тамоми минтақаҳо ва рушди иқтисодиёти рақамӣ шароити мусоидро барои густариши инноватсияҳо ва технологияҳои нав талаб мекунад [4]. Ҳамзамон, тағйиротҳои инноватсионӣ зарурати танзими муносибатҳои ҳуқуқиро дар фазои кибернетикӣ ба вуҷуд овардаанд, ки барои ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва танзими муносибатҳои рақамӣ ҷорӣ кардани қонунгузорӣ ва принсипҳои навро талаб мекунад.
Дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври фаъол ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ворид мегардад, киберфазо на танҳо воситаи муошират ва тиҷорат аст, балки низоми сиёсӣ ва идораи давлатиро низ таҳти таъсир қарор медиҳад. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ на танҳо ба ҳалли масоили дохилии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад, балки амнияти миллӣ ва суботи сиёсиро низ таҳти таъсир мегузорад. Дар ин замина, ворид кардани тағйиротҳо ба қонунгузорӣ барои таъмини танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар фазои кибернетикӣ ногузир аст.
Ин тағйиротҳо бояд мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои ҷаҳон амалӣ гарданд. Дар заминаи таҳкими амнияти иттилоотӣ, ворид кардани қонунҳо ва механизмҳои нави назорат ва ҳифзи фазои иттилоотӣ аҳамияти калон дорад. Бидуни танзими қонунии равандҳои кибернетикӣ ва назорат ба он, хатари афзоиши таҳдидҳои иттилоотӣ, аз ҷумла киберҷинояткорӣ, кибертерроризм ва паҳншавии идеологияҳои ифротгароӣ тавассути интернет, бештар мегардад.
Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, киберҷинояткорӣ ва кибертерроризм яке аз таҳдидҳои асосӣ барои суботи сиёсии ҳар як давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ бар зидди ин таҳдидҳо муваффақият ба даст овардаанд, нишон медиҳад, ки танзими қонунии фазои рақамӣ ва ҳамгироии технологияи муосир метавонад таъсири манфии ин гуна таҳдидҳоро коҳиш диҳад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин равандҳо зарурияти ҷорӣ намудани мафҳумҳои нав ба қонунгузорӣ, ба мисли амнияти кибернетикӣ, киберҳуқуқ ва истиқлолияти рақамӣ, ба вуҷуд меоранд. Инчунин, дар муҳити ҷаҳонии рақобатпазир, муваффақияти сиёсати рақамии кишвар ва пешгирӣ аз таъсири манфии фазои иттилоотӣ ба суботи дохилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз танзими қонунии равандҳои иттилоотӣ ва кибернетикӣ вобаста аст.
Айни замон, истилоҳҳои гуногун барои тавсифи интернет истифода мешаванд, ба монанди «фазои рақамӣ,» «киберфазо,» ва «муҳити иттилоотӣ.» Дар ҳама ҳолат, асоси ин мафҳумҳоро муҳити иттилоотӣ ташкил медиҳад, ки дар он табодули иттилоот, муошират ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти ҳам шахсони алоҳида ва ҳам ҷомеа дар маҷмӯъ ба амал меояд.
Мафҳумҳои «фазои рақамӣ,» «киберфазо,» ва «муҳити иттилоотӣ» дар тадқиқотҳои олимони тоҷик ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, махсусан дар заминаи таҳдидҳои амниятӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ.
1. Фазои рақамӣ дар тадқиқотҳои тоҷикон ҳамчун муҳите таъриф мешавад, ки дар он технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла интернет ва платформаҳои онлайн, дар ташаккул ва рушди муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нақши калидӣ мебозанд. Олимон таъкид мекунанд, ки фазои рақамӣ ба суръат рушд карда, боиси тағйиротҳои куллӣ дар сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ мешавад. Ин муҳит бояд танзими ҳуқуқӣ дошта бошад, то ки фаъолияти субъектҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин соҳа бо қонун мутобиқ бошад.
2. Киберфазо аксаран дар заминаи амнияти миллӣ ва ҳифзи маълумоти давлатӣ ва хусусӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор мегирад. Бисёр тадқиқотҳо ба ҳифзи фазои кибернетикӣ ва хатари ҳамлаҳои киберӣ равона шудаанд, ки метавонанд ба сохторҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Олимони тоҷик қайд мекунанд, ки танзими муносибатҳои кибернетикӣ бояд ба мафҳумҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат кунад.
3. Муҳити иттилоотӣ дар контексти таъсири иттилоот ба ҷомеа ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ баррасӣ мешавад. Дар тадқиқотҳои тоҷикӣ, муҳити иттилоотӣ ҳамчун фазои асосӣ барои паҳн кардани маълумот тавассути воситаҳои ахбори омма ва интернет тасвир мешавад. Ин муҳит метавонад ҳам дар рушди ҷомеа саҳм гузорад ва ҳам манбаи таҳдидҳои иттилоотӣ бошад, ки метавонад ба суботи дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон зарар расонад.
Муҳақиқони тоҷик Муҳаммад А.Н., Сафарлизода Х.Қ. қайд мекунанд, ки интернет ва фазои рақамӣ метавонанд ба воситаи паҳн кардани идеологияҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёбанд, ки ин боиси таҳдид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Вай қайд мекунад, ки дар чунин муҳит зарурати назорат ва танзими фазои иттилоотӣ бо мақсади пешгирии густариши идеологияҳои зараровар ва ҳифзи суботи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ вуҷуд дорад [6].
Экстремизм ва терроризм дар фазои рақамӣ яке аз таҳдидҳои замони муосир барои амнияти миллии давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ, бо афзоиши таҳдидҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки бо паҳншавии идеологияҳои экстремистӣ ва террористӣ тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста мебошанд. Бо назардошти таъсири афзояндаи технологияҳои рақамӣ ва дастрасии васеи платформаҳои гуногуни коммуникатсионӣ, созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ба шароити нав мутобиқ шудаанд ва имкониятҳои фазои рақамиро барои ҷалб кардани тарафдорон, тарғиб ва ҳамоҳангсозии фаъолияти худ самаранок истифода мебаранд.
Чуноне ки Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ таъкид мекунад, ки интернет ва фазои рақамӣ на танҳо ҳамчун воситаи иттилоотрасонӣ, балки ҳамчун абзори пуриқтидор барои густариши идеологияҳои террористӣ ва ифротгароӣ истифода бурда мешаванд. Интернет барои паҳн кардани ғояҳои ифротгароён замина фароҳам меорад ва махсусан ҷавононро ба хатари ҷалби ин гурӯҳҳо дучор месозад. Дар ин замина, таъмини амнияти миллӣ дар фазои рақамӣ зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалиро ба миён меорад [5].
Ҳамкории самаранок дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ тавассути интернет ва технологияи иттилоотӣ боис мегардад, ки кишварҳо имкони беҳтари мониторинг, пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои кибернетикӣ дошта бошанд. Ин раванд, чуноне ки таъкид мегардад, барои ҳифзи амнияти миллии Тоҷикистон ва ҷаҳон зарур мебошад, зеро гурӯҳҳои террористӣ интернетро барои тарғиби ақидаҳои ифротӣ истифода мебаранд. Тадбирҳои муассир бояд на танҳо ба маҳдуд кардани паҳншавии чунин идеологияҳо дар интернет равона шаванд, балки инчунин барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тавассути таълим ва иттилоотрасонии дуруст низ равона гарданд.
Дар ин замина, шиносоӣ ва пешгирии ин таҳдидҳо ба вазифаи афзалиятноки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад. Ҷалби равишҳои нави технологӣ, ки ба мониторинги пайвастаи шабакаҳои рақамӣ ва таҳлили фаъолиятҳои шубҳанок равона шудаанд, метавонад дар коҳиш додани хатари паҳншавии идеологияҳои ифротгаро нақши муҳим бозӣ кунад. Мушкилоте, ки дар ин роҳ ҷой доранд, аз номуайянӣ ва пинҳонкорӣ дар фазои рақамӣ вобастаанд, ки истифодаи воситаҳо ва технологияи пешрафтаро талаб менамоянд.
Экстремизм ва терроризм низ танҳо ба соҳаи физикӣ маҳдуд намешаванд. Фазои рақамӣ ҳамчун воситаи ҷинояткорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ истифода бурда мешавад. Коршиносон зиёда аз 200 навъи фаъолияти ифротгароён ва террористонро дар фазои иттилоотии глобалӣ ҷудо мекунанд. Усулҳои умумии ин фаъолиятҳо аз тариқи шантаж, тарсондан, истифодаи зӯроварӣ, барпо кардани кинаву душманӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ ифода мешаванд. Ҳамаи ин равандҳо ба зарари ахлоқӣ ва ҷисмонӣ оварда мерасонанд, ки боиси паёмадҳои вазнин мешаванд [3].
Аз ин рӯ, барои мубориза бо экстремизм ва терроризм на танҳо кор бо мақомоти қонуни кишвар зарур аст, балки ҳамкории фаъол бо мутахассисони соҳаи технология ва қабули чораҳои ҳуқуқӣ низ муҳим аст. Ҳамоҳангсозии кӯшишҳои давлатҳои гуногун дар самти мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин истифодаи технологияҳои муосир барои пешгирӣ ва ошкор кардани фаъолияти ғайриқонунӣ, метавонанд таъсири ҷиддие ба коҳиш додани хатари глобалӣ расонанд.
Киберфазо ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ имконият медиҳад, ки шахсияти худро пинҳон кунанд ва фаъолиятҳои худро бе мушоҳида идома диҳанд. Истифодаи технологияҳои мисли VPN (Virtual Private Network) дастрасии онҳоро ба пинҳон кардани макони воқеӣ ва маълумоти шахсӣ фароҳам меорад, ки ин равандро барои ошкор кардани онҳо душвор мекунад. VPN ба онҳо имкон медиҳад, ки ҷойгиршавии воқеии худро пинҳон кунанд ва фаъолияти худро аз маконҳои дур идома диҳанд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин масъала хусусан муҳим аст, зеро кишвар бо минтақаҳои ноором ҳамсарҳад аст, ки дар онҳо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолона амал мекунанд. Истифодаи киберфазо ин хатарро бештар мекунад, зеро гурӯҳҳои террористӣ метавонанд аз масофаҳои дур тарғибот ва амалиёти худро иҷро кунанд ва идеологияҳои радикалиро паҳн намоянд. Фаъолони ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, технологияҳои рақамӣ ва дастовардҳои ҷадиди илму техникаро самаранок истифода бурда, на танҳо бо давлат рақобат менамоянд, балки дар масъалаи тағйир додани шуури ҷамъиятӣ баъзан вақт ба муваффақиятҳои назаррас ноил мешаванд. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, паҳн намудани ғояҳои динӣ дар фазоҳои иттилоотии ба ҷавонон дастрас ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла, «Facebook», «Instagram», «WhatsApp», «Вконтакте», «Одноклассники», «Telegram», «Twitter» ва «You Tube» барои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгароёни динӣ фазои асосии тарғибу ташвиқи ғояҳои динӣ мебошанд.
Масъалан, ташкилоти террористию ифротгароии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва иттиҳодияи террористию ифротгароии «Паймони миллии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ташкил шудаву аз тарафи тундгароёни исломӣ ҷонибдорӣ мегарданд, тули солҳои охир дар шабакаи интернет хеле фаъол шудаанд. Фаъолони ин ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ба таври кушод ҳукумати мамлакат ва низоми сиёсии кишварро, ки хусусияти демократӣ ва дунявӣ дорад, маҳкум намуда, сарнагун намудани ҳокимияти давлатиро мақсади худ эълон намудаанд. Аз ҷониби фаъолони ин ташкилотҳо ҳар ҳафта дар шабакаи интернетии «youtube.com» наворҳои видеоии дорои хусусияти ифротгароӣ ва тундгароӣ ҷойгир карда мешаванд. Ғайр аз ин, пайравони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо исмҳои мустаор саҳифаҳои интернетии худро боз намуда, ғояҳои ифротӣ ва тундгароии исломиро паҳн намуда истодаанд. Инчунин онҳо дар шабакаи интернет сомонаи иттилоотӣ таъсис дода, ҳар гуна иттилооти бардурӯғ ва таҳқиромезро, ки метавонанд ба шуури шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонанд, паҳн менамоянд. Дар бораи паҳн гардидани иттилооти бардурӯғ аз ҷониби наҳзатиён ва дуруғпардозию буҳтонситезии онҳо олимони ватанӣ посухҳои саривақтӣ додаанд ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро доимо ошкор месозанд[1]. Ҷанбаҳои фаромарзии кибертерроризм корро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз ҳам душвортар мегардонад, ки ҳамкориҳои байналмилалиро барои ошкор кардан ва хунсо кардани ин таҳдидҳо талаб мекунад.
Дар замони муосир экстремизм ва терроризмро дар фазои рақамӣ бисёртар дар заминаи идеологияи дини ислом зоҳир мешавад, ки ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаҳое, ки аҳолии исломӣ бештар ҳастанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари ҷиддӣ меорад. Ин зуҳурот метавонанд исломро ҳамчун асоси идеологӣ барои ҷалб, таблиғот ва ангезаҳои амалҳои террористӣ истифода кунанд.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию тундгароӣ ва ташкилотҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир дар заминаи дини ислом пайдо мегардад? Агар динҳои масеҳӣ ва яҳудӣ низ ҳадафҳои геополитикии диниро дошта бошанд, чаро онҳо терроризм ва ифротгароии диниро ҳамчун яроқи идеологӣ истифода намебаранд? Дар ин маврид муҳаққиқи рус В.Ю. Вершинина қайд менамояд, ки дар замони муосир як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароие мавҷуданд, ки хусусиятҳои исломӣ доранд. Дар дини масеҳӣ ҳарчанд ҳаракатҳои ифротгароӣ дида шаванд ҳам, дар миқёсе, ки ифротгароии исломӣ қарор дорад, нестанд. Дар таърихи дини масеҳӣ низ таъқиб, бадбинӣ, қатлу куштор, таҳаммулнопазирӣ нисбат ба пайравони дигар динҳо, ба таври зӯроварӣ ба ҷониби худ даъват намудани дигарон ва иштироки фаъол намудан дар ҳаёти сиёсии давлат ҷой доштанд. Аммо онҳо дар замони гузашта боқӣ монданд. Дини масеҳӣ дар симои тамаддуни ғарбӣ худро бо воқеиятҳои замони муосир мутобиқ сохтааст. Аз ҳама муҳим ин аст, ки дини масеҳӣ барои нигоҳ доштани мавҷудияти худ таҷрибаи кофӣ ба даст овардааст. Аммо дини ислом дар марҳилаи аввали ин таҳаввулотҳо қарор дорад ва онро низ чунин марҳилаҳои мураккаб интизор аст [2, саҳ. 8].
Дини исломӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун воситаи истифодаи ғалати таълимоти динӣ барои асоснок кардани зӯроварӣ ва ҳаракатҳои радикалии худ истифода мешавад. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз матнҳои динӣ ва ақидаҳои догматикӣ идеологияи худро ҳамчун воситаи қонунӣ барои мубориза ва ноил шудан ба ҳадафҳои худ ососнок месозанд. Тавассути платформаҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, онҳо ғояҳои радикалии худро паҳн карда, исломро ҳамчун баҳона барои ҷалби ҷонибдорон ва ташвиқи ҳаракатҳои худ истифода мебаранд. Ҳамзамон, таҳлили иҷтимоии ин раванд нишон медиҳад, ки ҷавонон, ки ба интерпретатсияҳои содда ва яктарафаи масъалаҳои мураккаби динӣ ва сиёсӣ майли бештар доранд, ба осонӣ ба доми ин гурӯҳҳо меафтанд. Интернет ҳамчун воситаи зуд ва самараноки таблиғотӣ, гурӯҳҳои ифротгаро дар ҷалби ҷавонон ва паҳн кардани идеологияҳои худ нақши муҳими таҳрикдиҳанда мебозад.
Терроризм ва экстремизм аксар вақт аз ҷониби гурӯҳҳои радикалӣ ҳамчун воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ бо истифода аз идеологияи ислом баён карда мешавад. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқони дин ва сиёсат таъкид мекунанд, ки дини ислом худ ба терроризм ва экстремизм ҳеҷ гуна робита надорад. Ислом, дар асл, таълимоти сулҳ, ҳамдилӣ ва инсондӯстиро тарғиб мекунад, ва ҳар гуна кӯшиши бастани онро бо зӯроварӣ як таҳриф ва истисмори ғалати таълимоти исломӣ мебошад.
Муҳим аст қайд кард, ки идеологияҳои экстремистӣ бо истифодаи матнҳои динӣ ва интерпретатсияҳои ғалат барои асоснок кардани зӯроварӣ истифода мешаванд, аммо ин амалҳо аз таълимоти воқеии ислом комилан дур мебошанд. Ислом ҳамчун дин на танҳо хилофи зӯроварӣ мебошад, балки пайравонашро барои ҳифзи сулҳ, адолат ва таҳаммулгароӣ даъват мекунад.
Дар ин замина, муҳаққиқон ва сиёсатмадорони тоҷик пайваста таъкид менамоянд, ки истифодаи дини ислом барои ҳадафҳои экстремистӣ ва террористӣ як таҳриф ва тавҷеҳи нодурусти дин аст.
Дар ин замина, мавқеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назаррас аст. Дар баромадҳои худ, ӯ борҳо таъкид кардааст, ки дини ислом ба худи моҳияти худ дини сулҳ ва бародарӣ мебошад ва ҳар гуна истифодаи ислом барои асоснок кардани зӯроварӣ ва терроризмро қатъиян маҳкум мекунад. Вай инчунин қайд кардааст, ки ифротгароӣ ва терроризм на танҳо ба дини ислом, балки ба тамоми башарият таҳдид менамоянд, ки зарурати назорати ҷиддӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлат дар самти танзими фазои иттилоотиро талаб мекунад. Чунончи соли 2007 Президенти мамлакат дар яке аз паёмҳои табрикии худ ба муносибати иди Қурбон дар атрофи моҳияти дини ислом чунин ибрози андеша намуда буд: «Дини мубини ислом тамаддун ва фарҳанги ғановатмандест, ки бо арзишҳои олии ҷовидонаи худ дар давоми асрҳо дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни олам, аз ҷумла тоҷикон, нақши бағоят бузург бозидааст. Фарҳанги бузурги исломӣ саршор аз ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ ба беморону нотавонон, ёди хайр аз гузаштагон мебошад. Ислом адаб ва панду насиҳат аст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мусулмонон аз он иборат аст, ки дар тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа ҳамаҷониба саҳм гиранд» [5]. Аммо дар мавриди аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ истифода гардидани дини ислом ва бадном шудани он низ доимо суханронӣ намуда, чунин амалҳоро қотеона маҳкум месозад. Чунончи соли 2019 ҳангоми мулоқот бо афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иброз доштанд, ки «Равандҳои муосири ҳарбиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон собит месозанд, ки сӯйистифода аз терроризм ва ғояҳои хушунатомези ифротгароӣ, кӯшишҳои сиёсисозии дини ислом ҳамчун бузургтарин хатар ба таъмини амният, сохти конститутсионӣ, дунявият, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо арзёбӣ мегарданд» [7].
Муаррихи тоҷик Шарипов А.Н. қайд мекунад, ки «Дастури Пешвои миллат оид ба таълифи Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, осори пурғановати бузургон, сохтани Масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ, ҳимояти мазҳабу дин аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, аз қабили иртибот надоштани терроризм ба ислом, зиёрати хонаи Худо ҳамчун шукргузорӣ аз истиқрори сулҳ, шарафи зиёрати дохили ҳарами шариф, ворид шудан ба рӯйхати 500 мусулмони муассири дунё аз камоли мусулмонӣ, ҳимоят аз дину оин ва мазҳаб, на танҳо дар фазои кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон бешубҳа мо метавонем Пешвои миллатро ҳамчун ҳомии мазҳаб ва сулҳ эътироф намоем, зеро такя ба мазҳаби ҳанафӣ ягона роҳи ҳифзи арзишҳои динӣ ва пешгирии хушунат дар заминаи динӣ мебошад» [9, саҳ. 292-296].
Дар кишварҳое, ки теъдоди зиёди аҳолии мусулмон доранд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои динӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Экстремистҳо ин омили диниро фаъолона истифода мебаранд, то ба ҳадафҳои худ ноил шаванд. Ислом, ки дини ҳукмрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамчун воситаи ҷалби пайравони нав аз ҳисоби аҳолии диндор, махсусан ҷавонон, истифода мешавад.
Ҷавононе, ки эҳсоси ҷудоӣ аз ҷомеа ё ҳошиянишиниро доранд, дар ҷаҳони муосири глобализатсияшуда бештар дучори таъсири таблиғоти радикалӣ мешаванд. Ин ҳолатҳоро гурӯҳҳои ифротгаро, ба монанди «Давлати Исломӣ» (ИГИЛ), барои ҷалби ҷавонон тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Онҳо ҷавононро ба «муборизаи муқаддас» ё ҷиҳод даъват мекунанд, ки боиси паҳншавии идеологияҳои радикалӣ ва зӯроварӣ мегардад.
Дар чунин шароит, зарурати назорат ва пешгирӣ аз таъсири гурӯҳҳои ифротгаро тавассути фазои рақамӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқӣ мегардад. Маҳз тавассути чораҳои мушаххас дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир имконпазир аст, ки таҳдидҳои ифротгароӣ ва терроризм коҳиш дода шаванд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло дар масъалаи терроризм, экстремизм дар фазои рақамӣ таҳдид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон ба хулосаҳои зерин расид:
1. Хатари афзояндаи терроризм ва экстремизм дар фазои рақамӣ: Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, интернет ба воситаи асосии паҳн кардани ақидаҳои радикалӣ ва идеологияҳои ифротгаро табдил ёфтааст. Ин таҳдид ба амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ равона шудааст. Тадқиқоти олимони тоҷик нишон медиҳанд, ки ҷавонон бештар ба таъсири ин ақидаҳои радикалӣ дучор мешаванд, хусусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ.
2.Нақши давлат дар пешгирии ин хатарҳо: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории заруриро барои муқовимат ба терроризм ва экстремизм қабул кардааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм » ва «Дар бораи иттилоот» заминаҳои ҳуқуқиро барои назорат ва танзими фазои киберӣ муайян менамоянд, ки барои пешгирии паҳншавии идеологияҳои ифротгаро зарур аст.
3.Истифодаи дини ислом барои асоснок кардани зӯроварӣ: Гурӯҳҳои ифротгаро аксар вақт матнҳои динӣ ва ақидаҳои исломиро барои расидан ба ҳадафҳои деструктивии худ истифода мебаранд. Вале ин амалҳо танҳо таҳриф ва сӯиистифода аз таълимоти аслии дин мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудааст, ки дини ислом бояд аз ин гуна истифодаҳои радикалӣ ҳимоя гардад ва таълимоти аслии дин барои ҳамоҳангӣ ва сулҳ хизмат кунанд.
4.Амнияти иттилоотӣ ҳамчун қисми муҳими амнияти миллӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон барои ҳифзи фазои киберӣ ва пешгирии паҳншавии иттилооти ифротгаро чораҳои фаъол меандешад. Хусусан дар байни ҷавонон, барномаҳои таълимии ташаккулдиҳандаи фикрронии интиқодӣ ва саводи иттилоотӣ муҳим мебошанд.
Терроризм ва экстремизм дар фазои рақамӣ таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Бо афзоиши истифодаи интернет ва технологияҳои иттилоотӣ, гурӯҳҳои ифротгаро имконияти васеи паҳн намудани идеологияҳои тундгароиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардаанд. Ин раванд махсусан ҷавонони кишварро, ки қисми зиёди онҳо дар фазои интернетӣ фаъоланд, осебпазир мегардонад.
Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технологияҳои навин истифода намуда, тавассути паёмҳои онлайнӣ ва платформаҳои рақамӣ ҷавононро ҷалб мекунанд ва ба ҳаракатҳои радикалӣ таҳрик медиҳанд. Дар чунин шароит, зарурияти таҳкими қонунгузории миллӣ ва назорат дар фазои иттилоотӣ муҳим аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ бояд сиёсати муассири мубориза бо таҳдидҳои рақамиро пешбарӣ кунад. Бо ин мақсад, чораҳои махсус ба монанди танзим ва мониторинги фаъолияти интернетӣ, пешгирии паҳншавии идеологияҳои радикалӣ ва тақвияти чораҳои амниятӣ барои ҳифзи субот ва оромии ҷамъиятӣ бояд роҳандозӣ шаванд.
АДАБИЁТ
1. Абдулҳаев, К. Дурӯғу буҳтонҳои навбатии М.Кабирӣ [манбаи электронӣ] / К. Абдулҳаев. – URL: http://mit.tj/article/дурӯғу-буҳтонҳои-навбатии-м-кабирӣ (санаи истифодабарӣ: 12.01.2020)
2. Вершинина, В.Ю. Религиозный фактор международных отношений в XXI веке [Текст] / В.Ю. Вершинина // Актуальные проблемы современных международных отношений. – 2016. –№6. –С.8.
3. Гутиева И. Г. «О путях противодействия молодежному экстремизму, распространяемому в социальных сетях» // Образование и право. 2022. № 8. С. 321-324., Ефремова И. А., Смушкин А. Б., Донченко А. Г., Матушкин П. А. «Киберпространство как новая среда преступности» // Вестник Томского государственного университета. 2021. № 472. С. 248-256., Шураев А. А. «Современные деструктивно-информационные технологии вовлечения молодежи в экстремистскую деятельность» // Защити меня. 2020. № 1. С. 36-39.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ. 26.12.2019 [электронный ресурс]. – URL: http://president.tj/node/21975 (дата обращения: 25.01.2024).
5. Паёми табрикӣ ба муносибати иди Қурбон. 18.12.2007 [манбаи электронӣ]. – URL: http://president.tj/node/325 (санаи истифодабарӣ: 29.12.2019)
6. Муҳаммад А.Н., Сафарлизода Х.К. Амнияти миллӣ [Матн] // Муҳаммад А.Н., Сафарлизода Х.К. – Душанбе: Нашриёти омӯзгор, 2020.
7. Суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», 2018 [манбаи электронӣ]. – URL: http://president.tj/node/1234 (санаи истифодабарӣ: 01.10.2024).
8. Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ. 23.02.2019 [манбаи электронӣ]. – URL: http://president.tj/node/19456 (санаи истифодабарӣ: 29.12.2019)
9. Шарипов А.Н. Махсусият ва омилҳои маҳбубият касбнамудаи Пешво. // Паёми ДМТ. №1, 2019, С.292-296