Home ХАБАР ДАРСИ КУШОД: ОМОДА ШУДАН ВА БА ЭФИР БАРОМАДАНИ РӮЗНОМАНИГОР

ДАРСИ КУШОД: ОМОДА ШУДАН ВА БА ЭФИР БАРОМАДАНИ РӮЗНОМАНИГОР

by admin
24 views
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Дар ин росто имрӯз (06.02.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи журналистика Гадоева Фирӯза дарси кушод дар мавзуи “Омода шудан ва ба эфир баромадани рӯзноманигор (чанд маслиҳат аз костюмер)” дар гурӯҳи таълимии 403-и ихтисоси рӯзноманигорӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет гузаронида шуд.
Гадоева Фирӯза дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Омода шудан ва ба эфир баромадани рӯзноманигор (чанд маслиҳат аз костюмер)” маълумоти муфассал ироа намуд.
Сипас, донишҷӯён бо навбат доир ба мавзуъ баромад намуда, як-як аз маслиҳатҳои костюмер ва истифодаи грим барои рӯзноманигорон дар эфир маълумот доданд. Бояд қайд кард, дарс бо истифода аз рӯнамо (презентатсия) ва видиоролик, ки дар сабти он худи донишҷӯёни гурӯҳ иштирок доштанд, пешкаши ҳозирин гардид.
Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён суол дода, донишҷӯён ҷавоби қаноатбахш гардониданд.

Related Articles

Leave a Comment