Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

by admin
28 views
Имрӯз (06.02.2025) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Маърифати молиявӣ”-и назди кафедраи молия ва қарз бо иштироки роҳбари маҳфил ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Азимова Меҳрона — донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молия ва қарз, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Вазирзода Дилором дар мавзуи “Методикаҳои маблағгузории хурд ва фарогирии аҳолии камбизоат” баромад намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment