Home ХАБАР МАГИСТРАНТОНИ КУРСҲОИ ЯКУМ ВА ДУЮМ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

МАГИСТРАНТОНИ КУРСҲОИ ЯКУМ ВА ДУЮМ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

by admin
12 views
Имрӯз (04.02.2025) тибқи нақша ва барномаҳои таълимӣ шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳо конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии магистрантони курсҳои якум ва дуюмро ба таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ баргузор намуд.
Дар кори конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбонзода Умеда, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар, роҳбарони таҷрибаомӯзии факултетҳо, методистони тахассусӣ ва магистрантони ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, дар мавзуи “Ҳуҷҷатгузорӣ ва низоми ташкили таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ” ва мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, Бобозода Бахтовар дар мавзуи “Таҷрибаомӯзии педагогӣ — заминаи касби омӯзгорӣ” баромад намуданд.
Зимни баргузории конфронс таъкид гардид, ки дар низоми таҳсили макотиби олӣ таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ барои магистрантон аз омилҳои муҳимтарин ва маъмули тайёр намудани мутахассисон ба ҳисоб меравад. Тибқи талаботи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои мухталифи зинаи магистратура, магистрантони курсҳои 1-ум ва 2-юм ба таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ, ба назди кафедраҳои тахассусӣ сафарбар гардида, дар муддати 4 ҳафтаи таълимӣ тибқи роҳнамоиҳои роҳбарони илмӣ ва методистони тахассусӣ ба тарзи таҳия ва омоданамоии барномаҳои кории фанҳои таълимӣ, таҳияи рунамо (презентатсияҳо), методҳо ва роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо ва дигар намуди фаъолият вобаста ба таҷрибаомӯзӣ ва раванди кор дар макотиби олӣ ошно мешаванд.
Кори конфронс бо саволу ҷавоб миёни таҷрибаомӯзону методистон ва баррасии масъалаҳои марбут ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment