Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ

САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ

by admin
27 views
Ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар аҳди қадим, хусусан дар замони Сосониёну Сомониён шукӯҳи тоза ёфта, таҷлил мегардиданд.
Бахусус, Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои форситаборон аст, ки дар баробари кишвари мо то ҳанӯз дар Эрон ва дигар мамолики Шарқи ҳамсоя ҷашн гирифта мешавад.
Муҳаққиқону таърихнависон пайдоиши ҷашни Садаро ба тарзи гуногун шарҳу тафсир мекунанд. Устод Фирдавсӣ пайдоиши ҷашни Садаро бо Ҳушанг мансуб донистааст, гӯё Ҳушанг рӯзе дар шикори аждаҳо чанд санги гаронро бардошта бар сари аждаҳо зад ва аз бархӯрди санге бар санг оташафрӯхта шуд. Ва ин рӯзи муборакро, ки бо падид омадани оташ ва ғолибият бар аждаҳо буд Сада ном гузоштанд ва бо тантана базм оростанд:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в) ӯрд
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Муддати ҷашн гирифтани Сада аз 10-уми баҳманмоҳ, ки мувофиқи солшумории мелодӣ 30-31-уми январ аст, оғоз шуда, то ҷашни Наврӯз идома меёбад. 31-уми январ зодрӯзи Офтоб, гардиши зимистон ба баҳор аст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш битароз.
Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон Садаро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ба оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуктаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Дар бораи ҷашни Сада Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:
Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст” (Эмомалӣ Раҳмон, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, 2006, с.263).
Оид ба истилоҳи “Сада” низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада чунин менависад:
“Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакли аз ин ашкол: сат [sat] , сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh] , сата [sata] буда бошад.
Дар забони арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Маъмулан, вожаҳое, ки аз форсии миёна ба форсии ҷадид даромада ва ба “ҳо”-и ғайри малфуз хатм мешаванд, дар асл ба ҳарфи “гоф” ё “коф” тамом мешуданд. Ҳамчунин ҳарфи “т” дар паҳлавӣ, дар форсии ҷадид ба “д” ва дар арабӣ ба “зол” табдил мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авасто ба ҳар ҳол вожаи Сада ба маънии сад, адади сад мебошад, чунончи, дар форсӣ низ Сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад”. (Ризо Ҳошим . Ҷашнҳои оташ ва меҳргон. Теҳрон, 1383, саҳ 99).
Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулӯъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).
Ҷашни Сада барои мардуми кишоварз пайк аз баҳор, қосиди фаро расидани гармию нармӣ бар замин мебошад ва 50 шабонарӯз пеш аз Наврӯз бошукӯҳу ҷалоли том ҷашн гирифта мешавад:
Инак, биёмадаст бо панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада-талояи Наврӯзи навбаҳор
(Манучеҳрӣ)
Ҷиҳати дигаре, ки ин ҷашнро то замони мо зинда нигаҳ дошт, ба табиат, зироаткорону чорводорон ва аҳли меҳнат сахт пайвандӣ доштанаш аст. Агар марди деҳқон аз оғози сари сол аз ҷашни Сада ба кори ояндааш машғул нашавад, асбобҳои корӣ ва ғами замину чорворо нахӯрад, ҳосили пурбор гирифтанаш гумон аст:
Гулхан бифрӯзед, ки ҷашни Сада омад,
Чун хушхабари нур ба зулматкада омад.
Дирӯз агар хору хасе садди раҳаш буд.
Инак, ҳамаро яксара оташ зада омад.
Сада ва ҳама гуна ҷашнҳои дигари миллӣ бошад, ки ба мо, тоҷикон барноию зебоӣ, нуру сафои тоза овараду ба ваҳдати солиму комил бирасонад ва шуълаи муҳаббату садоқати ростиро дар замирамон афрухта гардонад ба кору пайкори нав дар роҳи созандагию ободии кишвар ҳидоят намояд ва зинда нигоҳ доштани ин ҷашнҳои қадимӣ қарзи миллию инсонии ҳар як ориётабор мебошад. Ва баҳамоӣ, ҳамдилию ҳамфикрии ҷомеа худшиносӣ ва худогоҳии миллии мо, тоҷиконро қувват медиҳад.
Чун меҳани хуршед бувад меҳани тоҷик,
Сад шукр, ки ин гулхани ҷашни Сада аз нав.
Имрӯз фурӯзон шуда дар масканитоҷик,
Оташ ҷаҳад аз чашму дили равшани тоҷик.
Алиева Бахтинисо- омӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment