Гулхан афрӯз, ки мо меҳр ба гулхан дорем,
Дар сифоташ сухани тозаву равшан дорем.
Даври он чархзанон ғусса ба пояш резем,
К-аз зимистон ғами чун яхзада равған дорем.
Чеҳрае зард агар ҳаст, биё, сурхаш кун,
Ба Худо, дардрабо миллату Меҳан дорем.
Сада ҷашнест, ки дилдодаи он нуронист,
Рухи наврӯзӣ аз он дар маҳи Баҳман дорем.
Монда панҷоҳ шабу рӯзи дигар то Наврӯз,
Мо аз имрӯз ба лаб ҳарфи мутантан дорем.
Дуди ин оташи идонаи мо безарар аст,
Ки ба миқдори само сохта равзан дорем.
Остинбарзадагонем чу дар кори хирад,
Асрҳо шуд, ки варо аз лаби доман дорем.
Аз бадонем ҳимоятгари мероси бузург,
То ки аз дониши андӯхта ҷавшан дорем…
