Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ САДА ДАР КӮЛОБ

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ САДА ДАР КӮЛОБ

by admin
25 views
Боиси ифтихору хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқаддаси ниёгон- Меҳргон, Сада, Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълом дошта, барои ҷашнгирии бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзад. Маҳз аз самари сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат ва бо шарофати истиқлолияти давлатӣ иди Сада аз нав эҳё гардид ва таҷлили ҳамасолаи он дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад.
Имрӯз (28.01.2025) дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллӣ чорабинии бошукуҳи идона бахшида ба Ҷашни Сада доир шуд, ки дар он ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, дар намошигоҳи чорабинӣ гӯшаеро ба ин муносибат тартибу оро доданд.
Дар чорабинии идона муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, фаъолони шаҳри Кӯлоб ва намояндагони доираҳои кишоварзӣ ширкат варзиданд. Чорабинии бошукуҳ бо афрӯхтани гулхан, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад, оғоз гардида, бо намоиши дастовардҳои деҳқонону ҳунармандон ва кормандони муассисаҳои шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Муовини раиси вилоят Мирзозода Музаффар ва ҳайати ҳамроҳон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ муовини раиси вилоят Мирзозода Музаффар иштирокдоронро аз номи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ин санаи фархунда шодбош намуда, зикр карданд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Дар идома раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба сухан баромада иброз намуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.
Гуфта шуд, ки 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада», «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Дар идома ба беҳтаринҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон, ҷангалбонҳо, боғдорон, парандапарварон, олимони соҳа ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ Ифтихорнома ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи ҷолиби консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment