(Суруд)
Эй ҳамдиёри ҳамдил, ҷашни Сада муборак!
Ёрони хубу оқил, ҷашни Сада муборак!
Дар сарзамини тоҷик ин рӯз рӯзи шодист,
Дар пешҷашни ин ид меҳри бузурги Ҳодист.
Базм асту шеърхонӣ,лабханди ёри ҷонӣ,
Рӯйи Ватан шукуфон,рухсораҳо гулобист.
Рақсем бо наю тор,рақсем бо дафу чанг,
Дар тахти дил бирақсем бо мардуми бафарҳанг.
Аз ҷо Ҳушанг бархост бар пешвози миллат,
Фирдавсии бақоруҳ, фарзонагони бонанг.
Аҷдодҳои хушдил мероси меҳр монданд,
Тоҷики тахтшинро дар тахти дил шинонданд.
Фазлу фазилату фаҳм гардид дастболо,
Фарҳанги миллатамро то сад фалак расонданд.
Ҳаммилатони ҳамдил, ҷашни Сада муборак!
Хушдону хубу оқил, ҷашни Сада муборак!
ҶАШНИ САДА
НИЁГОНИ БУЗУРГИ МО
Ҳамеша зиндадил буданд,
Ҳамеша дар фурӯғи офтоби зидадил будан
Бапо карданд ҷашну сур,
Бапо карданд ҷашни нур,
Замистонро зи гулхан шуълабори меҳри дил карданд.
Пур аз рангинкамони сеҳри дил карданд.
Накуштанд оташи меҳри ҲУШАНГИРО,
Ки ӯ аз санг берун кард оташро,
Фурӯғи гарми дилкашро,
Чу гармии рухи маҳбуби дилкашро.
Сано бар расму ройи гарми тоҷикӣ,
Дили нармипарасти нарми тоҷикӣ.
Ба онон,ки ба сардиҳои ҷонфарсо
Бапо карданд ҷашну сури гармиҳо,
Ба по карданд сарҷамъии меҳрафзо,
Зимистонро зи гармии дил оварданд Хуршеде.
Ба истиқболи гармӣ дар зимистон базмро кун гарм,
Аё мутриб, ба рӯгармию қалби нарм.
Ба рақс оед, эй ёрон,
Ба рақс оред гардунро,
Ба рақс оред гулрухсорҳои шӯхботинро,
Фариштатиннатони лаълмайгунро,
Ки гармии баҳорон бо Сада омад,
Паёми вақти неки рӯзгорон бо Сада омад.
…Ба рақс оед, эй ёрон!
Ҳақназар Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон