Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

by admin
9 views
Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун санади муҳимми сарнавиштсоз барои рушди давлат ва ҷомеа мусоидат менамояд. Паёми имсолаи Пешвои миллат чун паёмҳои қаблӣ номаи бахту саодат ба шумор рафта, мардумро ба сўйи фардои нек ҳидоят месозад. Дар Паёми имсола дурнамои фаъолияти ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифта, тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамаҷониба таҳлил ва вазифаҳо барои як соли дигар муайян гардиданд.
Соҳаи маориф ва илм чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, марҳила ба марҳила дар ҷараёни пешрафт қарор дорад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф анҷомёфта, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд, “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.
Ҳукумати кишвар дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа додааст, зеро дар онҳо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Илму маориф омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Аз ҷониби Пешвои милллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудани илму маориф «ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат» тамоми кормандони соҳаи илму маорифро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дар раванди ислоҳот ва беҳбуд бахшидани сифати таълиму тарбия корҳои илмию тадқиқотиро ба сомон расонанд.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём қайд намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Дар Паёми Пешвои миллат қайд карда шуд, ки шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад ва ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон вазифагузорӣ намуданд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли он дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Дар маҷмуъ, агар ба таносуби нишондиҳандаҳои рушд дар 30 соли Истиқлолият ва аз паём то паём, яъне ду соли охир назар афканем тағйиротҳои назаррас ба чашм расида, рушди устувори мамлакат дар доираи нақша ва барномаҳои қабулгардида таъмин шудааст. Дар зимн, вобаста ба рушди минбаъдаи инфрасохтори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мамлакат заминаҳои мусоид гузошта шудааст.
Ҳайдар Ҳайдарзода, директори Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment