Home ХАБАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ДИССЕРТАТСИЯ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ДИССЕРТАТСИЯ

by admin
7 views
Санаи 21.01.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Тартиби барасмиятдарории диссертатсия” бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши унвонҷӯён ва муҳаққиқон бо иштироки магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон дар мавзуи “Тартиби барасмиятдарории диссертатсия” баромад намуданд. Дар баромади худ устод асосан ба масъалаҳои муҳим ва марбут ба таҳияи рисолаҳои илмӣ ва барасмиятдарории он диққат доданд. Қайд гардид, ки интихоби мавзуи мувофиқ, ки ҳам ба манфиати ҷомеа ва ҳам ба соҳаи илм бошад, яке аз қадамҳои аввалин ва муҳимтарини кори таҳқиқотӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин, оид ба марҳилаҳои навиштани диссертатсия маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи қисматҳои гуногуни рисола, аз ҷумла муқаддима, шарҳи адабиёт, усулҳои таҳқиқот ва натиҷаҳо, диққати махсус диҳанд. Қайд гардид, ки муҳаққиқон бояд қоидаҳои ҳуҷҷатгузории расмӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои илмӣ муайян шудаанд, қатъиян риоя намоянд.
Дар идома дотсент Рафиев Сафархон ҳамчун роҳнамо “Дастурамал оид ба тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва автореферат”-ро ба иштирокчиён ҷиҳати корбарӣ супорид.
Иштирокчиён низ дар навбати худ фаъоли нишон дода бо пешниҳоди саволу пурсиш паҳлуҳои масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Related Articles

Leave a Comment