Муддати чандест, ки мардуми сарбаланди мо фикру андешаҳои худро оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як дили гарм, бо як хушнудии беинтиҳо баён карда истодаанд. Дар ҳақиқат, вақте ки Паёмҳои Президенти кишварро ба ҳамдигар қиёс мекунем, аз нигоҳи таҳлилу омӯзиш ба хубӣ дарк мекунем, ки аз Паём то Паём халқи бузурги мо якҷо, бо як рӯҳбаландии бузург дар атрофи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона сарҷамъ шуда, дар якҷоягӣ корҳои неки ба манфиати давлату миллатро анҷом додаанд. Ҷаноби Олӣ дар Паёми имсолаи худ нуқтаҳоеро хотиррасон намуд, ки дар пешрафту тараққиёти ҳаёти имрӯзаи мо мақоми баланд ва нақши муайянеро доштанд.
Муҳтавои Паёми имсола нисбат ба маориф, таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисосу мутахассис дар чанд суханронии роҳбари давлатамон равшан қайд шудааст.
Дар Паёми имсола омадааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне дар панҷ соли оянда ба истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50% кӯдакони синнусоли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Роҳбарони вилояҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, боназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар Паём зикр гардидааст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давдатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин ба ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Ҳамчунин дар Паём омадааст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шуд.
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсей, гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2-миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил менамояд.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Илова бар ин, дар замони истиқлолият беш аз 117 нафар ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои 42 кашвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд. Имрӯз бошад 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар 42 давлати ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафари онҳоро духтарон ташкил мекунад.
Дар Паём зикр гардид, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф аз сентябри соли 2025 маоши муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 20% зиёд карда шавад.
Нуқтаи муҳиме, ки дар Паёми навбатӣ диққати аҳли маорифчиёнро бештар ба худ кашид, ин дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад ва солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ эълон намудан. Ин пешниҳод барои пешрави рушди иқтисодии рақамии Тоҷикистон аҳамияти хеле калон дорад.
Месазад, ки ҳар як инсони ҷумҳурӣ аз мактабхон сар карда то пиронсол, аз ҷумла мо-омӯзгорон ҳар як нуктаи Паёми Президенти кишварро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда ин Ватанро дӯст дорем, меҳру муҳаббати онро дар дилу дидаамон ҷой намоем, чунки ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар як мардуми Тоҷикистони азизамон мебошад.
Мо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамаи кормандони соҳаи маориф рисолати худро дар он бояд бидонем, ки ҳамарӯза ба кори таълиму тарбияи насли навраси имрӯзаю оянда боз ҳам хубтару ҷиддитар машғул шавем, дар ободию пешравии Ватани азизамон то Паёми дигар ҳиссаи хешро гузорем. Барои Ватан ва сарфарозию сарбаландии он байни кишварҳои дигар, барои сифат, арзишу арзишнокии таълиму тарбия намунаи ибрат бошем ва бояд тамоми қувваю нерӯи худро мо — омӯзгорон ба хотири дар амал татбиқ намудани корҳои ба ифтихори ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ пешбинишуда, яъне, дар беҳтару хубтар шудани ободии Ватани азизамон, пешрафти мамлакатамон ва боз ҳам хубу зебо гардидани шароити зиндагиамон равона намоем.
ШАРИФ БЕГИЕВ – муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ