Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ГИДРОЭНЕРГЕТИКА — АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ГИДРОЭНЕРГЕТИКА — АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

by admin
15 views
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, фарогири дастоварду комёбиҳо ва муваффақияту муазаффариятҳои соли сипаригардида, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, дар маҷмуъ, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт. Ҳамасола дар қатори хизматчиёни давлатӣ, дар маҷмуъ ҳар як сокини Тоҷикистон бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастурҳо ва супоришҳои зикршударо сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ дар давоми сол аз он истифода менамоянд. Зеро дар Паём ҳамасола рушду пешрафт, дастоварду комёбиҳо ва камбудию норасоиҳои тамоми соҳаҳои фаъолият дар кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ давоми ҳар сол ба таври комил таҳлилу баррасӣ мегарданд. Аз ин рӯ, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи мукаммали ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Роҳбари давлат, кормандони тамоми мақомоти давлатӣ ва механизми давлат, инчунин ташкилоту муассисаҳо, то ба шаҳрвандон ва кӯдакони хурдсолро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигарро таҳлил намуда, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта мубаддал гардонидани мамлакат нишон медиҳанд.
Дар баробари дигар соҳаҳо, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди давлат ва таъминкунандаи асосии рушди дигар соҳаҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи энергетика, алалхусус гидроэнергетика мебошад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза буда, Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки 96%-и неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойи 6-умро ишғол менамояд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоӣ ва сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар таъмини истиқлоли энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон намуда, ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои мушаххас андешида, барномаҳои амиқро қабул ва татбиқи амалии онҳоро таъмин менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ироаи паёми имсолаи худ қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.
Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад»
.
Барои ноил гардидан ба ҳадафи гузошташуда «Барномаи дарозмуддати неругоҳҳои хурди барқӣ барои солҳои 2009-2020» қабул гардида буд, ки дар доираи он 189 неругоҳи хурди обӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва тавассути грантҳо дар манотиқи гуногуни кишвар бунёд гардидаанд. Аз ҷумла, 16 адад неругоҳи хурд дар ВМКБ, 46 адад дар вилояти Суғд, 44 адад дар вилояти Хатлон ва 83 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд. Татбиқи амалии ҳамин барнома ва ҳадафҳо буд, ки дар соли 2011 системаи ягонаи энергетикии кишвар, ки системаи энергетикии ҷанубу шимолро ба ҳам мепайвандад, таъсис дода шуд ва ҳамаи ин имкони дастрасии тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба неруи барқ таъмин намуд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз намуданд, ки «Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад».
Ҳамзамон, ба мақсади дастгирии бештари рушди энергетика ва ҳамкорӣ дар ин соҳа, дар Осиёи Марказӣ идеяи таъсиси Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки на танҳо то имрӯз моҳияти худро аз даст надодааст, балки бо афзоши демографӣ, рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, афзоиши талабот ба неруи барқ ва мураккаб гардидани мушкилоти дигари марбут ба он боз ҳам муҳимтар гардидааст. Ва маҳз ҳамин ибтикороти Сарвари давлат буд ва боиси ифтихор ҳам аст, ки зимни татбиқи ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Энергияи устувор барои ҳама» дар қатори 5 кишвари олам Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари таҷрибавӣ пешниҳод гардид.
Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи партови газҳои гулхонаӣ дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад, вале дар раванди тағйирёбии иқлим ва осебпазирӣ ба он яке аз кишварҳои ҳассос ва осебпазир мебошад. Бинобар ин, дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи ҷумҳуриро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намояд. Маҳз бо ин мақсад Президенти кишвар баён намуданд, ки «ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд».
Лозим ба ёдоварист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 57 млрд сомонӣ татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбиро ба бор овардааст. Муҳимтарин дастовардҳо, ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди ду агрегати иншооти азими аср — неругоҳҳои барқи обии «Роғун», НБО-ҳои «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), «Помир-1» (28 МВт), «Тоҷикистон» (1,5 МВт), «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2» (400 МВт), 274 адад неругоҳи барқи обии хурд (бо иқтидори умумии 23,2 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-ҳои Норак ва Роғун, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), «Роғун-Душанбе» (ба масофаи 198 км) зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Данғара», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-ҳои «Норак» ва «Дӯстии халқҳо», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км), «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд-Айнӣ» 83,2 км), «Қайроқум-Ашт» (74 км), «Геран-Румӣ» (78 км), «Қайроқум-Суғд» (63,3 км), «Айнӣ-Рӯдакӣ» (95 км), «Сангтӯда 1 — Данғара» (15,9 км) ва «Шар-Шар — Данғара» (23 км) ба масофаи умумии 604,7 км ба шумор мераванд.
Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии глобалии иқлим ва маҳз дар чунин шароит рӯй овардан ба «иқтисоди сабз» таъкид намуданд, ки «Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад». Барои амалӣ намудани «лоиҳаҳои сабз» ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд ва амалӣ шуда истодааст, бештар таваҷҷуҳ дода, аз таҷрибаи онҳо самаранок истифода бояд кард.
Инчунин Сарвари давлат қайд намуданд, ки бар дасёб гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Соли 2019 Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ васлу насби як стансияи офтобиро бо иқтидори 200 кВт дар маркази ноҳияи Мурғоб ба роҳ монда, дар ҳамин ҷо соли 2020 неругоҳи нави барқи офтобӣ бо иқтидори 220 кВт ба истифода дода шуд ва аз соли 2022 инҷониб неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 600 кВт фаъолият менамояд. Аммо роҳандозии истифодаи неруи офтобӣ танҳо дар як ноҳия қонеъкунанда набуда, зарурати дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ намудани он ба миён омадааст. Тибқи таҳлилҳо, захираҳои асосии энергетикӣ аз ҳисоби радиатсияи баланди Офтоб, асосан, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрави вилояти Хатлон, инчунин, дар шарқи Тоҷикистон (ноҳияи Мурғоб) мавҷуд мебошад. Дар робита ба масъалаи мазкур, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо доданд. Ин масъала дар яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетика дар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дарҷ шудааст, ки барои диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳо ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ вусъат дода мешаванд. Дар ин бора ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар кишвар дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд (бо иқтидори 200 МВт) ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа 17-уми феврали соли 2023 шартнома бо консорсиуми ширкатҳои JURU Energy Limited (Британияи Кабир) ва Rina Consulting (Италия) ба имзо расонда шуда, корҳо оғоз гардиданд.
Бинобар ин, дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои туризми сабз табдил гардад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти амалӣ намудани рушди «иқтисоди сабз» ва «энергияи сабз»-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф бошад. Маҳз бо мақсади татбиқи «лоиҳаҳои сабз» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд механизми маблағгузории фондҳои махсус васеъ ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд.
Маҳз неругоҳҳои барқии ангиштӣ, нақлиёту корхонаҳои саноатӣ ифлоскунандагони асосии атмосфера буда, соле 22 млрд тонна гази турш ва дигар газҳоро хориҷ менамоянд. Танҳо дар давоми беш аз 250 соли охир миқдори гази карбон 367 млн тонна афзудааст. Аз ҳисоби заҳрхимикатҳо, нуриҳои минералӣ, сӯзиши ангишт бошад, соле 250 млн тонна метан ҳосил мешавад. Истифодаи газ, нефт, ангишт ва ҷангал низ таъсири зиёди манфӣ ба таркиби атмосфера ва гармшавии ҳарорати ҳаво дорад. Мувофиқи пешгӯйии олимон баландшавии ҳарорат дар 100 соли охир ба 10°С афзуда, дар миёнаҳои асри ХХI аз 1,1°С то 6,4°С зиёд хоҳад шуд. Болоравии ҳарорат ҳатто ба миқдори 1°С метавонад боиси обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ва зери об мондани як қатор кишварҳои соҳилӣ гардад. Бар замми ин, мувофиқи мушоҳидаҳои уқёнусшиносон ҳар соле оби уқёнуси ҷаҳонӣ то 3 мм баланд шуда истодааст.
Шарафёб гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ормони миллии мо мебошад ва аз самтҳои афзалиятноки стратегияи миллӣ ҳисоб мешавад. Кишвари мо манобеи ғании нафту газу ангишт надорад, аммо соҳиби захираҳои обии саршор мебошад ва ногузир аст, ки бо баҳрабардории оқилона аз он ба истиқлоли энергетикӣ ноил ояд, ки масъалаи ҳаёту мамот аст. Неруи барқ дар нисбати энергияҳои таҷдиднопазири нафту газу ангишту атом чанд афзалият дорад. Якум, таҷдидпазир аст ва асло поён намеёбад. Дуюм, аз нигоҳи экологӣ тоза ва бениёз аст. Сеюм, арзиши аслии неруи барқ дар ҷумҳурӣ бо назардошти тамоми масраф аз 0,4 сент барои як кВт соат беш нахоҳад буд ва аз ин лиҳоз неруи барқи мо дар бозори ҷаҳонӣ метавонад ба осонӣ рақобат кунад ва сармояи ҳангуфте ба хазинаи давлат сарозер созад.
Дар маҷмуъ, Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи инкишоф ва раҳнамо барои дурнамои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла «иқтисоди сабз» буда, барои рушди онҳо заминаҳои мусоидро фароҳам меорад ва механизми татбиқи амалиро таъмин менамояд.
Гадоев Шералӣ Давлатович- номзади илмҳои география, мудири кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Бозоров Ҳасан Тағоевич- ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ

Related Articles

Leave a Comment