Санаи 10.01.2025 Бозоров Хушвахт — дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи доктории худро дар мавзуи «Асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ» бо мушовирии Шарифзода Файзулло — академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ 13.00.02 — Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.04 — Назария ва методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ)) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-023 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва мушовири илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи докторӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.