Home ХАБАР РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ТАВСИЯШАВАНДА БАРОИ ДОВТАЛАБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ:

РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ТАВСИЯШАВАНДА БАРОИ ДОВТАЛАБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ:

by admin
12 views
— намунаҳои насри ривоятӣ аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома», «Доробнома» ва ғайра;
— осори насри классикӣ — «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» -и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра;
— аз ёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр;
— на кам аз 100 ғазал аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон;
— рубоӣ ва дубайтӣ -на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон;
— қасида -на кам аз 100 байт аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;
— порча аз достон — на кам аз 150 байт аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;
— дигар навъҳои шеърӣ — қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра — 100 байт.

Related Articles

Leave a Comment