Санаи 09.01.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии хатмкардаи зинаи докторантураи PhD-и кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идора Қурбонов Некруз Довудович дар мавзуи “Самаранокии иқтисодии рушди боғҳои интенсивӣ дар мисоли минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи омӯзиши равандҳои кластеркунонӣ дар комплекси агросаноатии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Файзуллоева Каромат баргузор гардид.
Дар муҳокима декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, декани факултети молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Назаров Муродалӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Содиқзода Зафар ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ Пиризода Ҷалил Сафар, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Навруз Носирӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз Комилов Низомиддин баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Қурбонов Некруз Довудович бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Қурбонов Некруз ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.