Ҳанӯз аз оғози сарвариашон Пешвои миллат ба рушди маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Бунёди мактабҳои замонавии ҷавобгӯи талаботи давр, муқаррар кардани имтиёзҳо ба омӯзгорон, сифати таълиму тарбия, китобҳои дарсӣ, боло бурдани маоши кормандони соҳа, стипендияи донишҷӯён ба ин гувоҳ аст. Ин ҳама ғамхориву дастгириҳо сол ба сол меафзоянд.
Дар Паёми имсола Пешвои миллат бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ 800 муассисаи таҳсилоти томактабиро таъмин намоянд. Воқеан, агар дар ин давра кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ба ояндаи дурахшони онҳо метавон умед баст. Ин давра бисёр муҳим ба шумор меравад. Бо диққат додан ба забономӯзӣ, хосса забонҳои русӣ ва англисӣ, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин амал бояд “аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”. Зеҳни кӯдак дар ин синну сол метавонад, ки рушд кунад. Мутахассиси варзида бо шинохти олами кӯдакон метавонад, ки онҳоро дуруст тарбия кунад ва ҳамчунин, ҳидоят намояд. Дар хурдсолӣ илм омӯхтан мисли дар санг нақш намудани он мебошад. Агар ба ин масъалаи ҳаётан муҳим сари вақт тадбир наандешем, миллат хору залил мешавад ва имконоти пешрафту тараққияш таъмин намегардад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат зимни ироаи Паём бо таъкид ва дилсӯзӣ изҳор доштанд: “Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”. Ин таъкид тақозо менамояд, ки тамоми аҳли ҷомеа рӯ ба маориф оварад. Масъули рушди маориф танҳо Вазорати маориф ва илм нест, балки тамоми ҷомеа мебошад. Ҳар падару модар вазифадор аст, ки фарзандонро дуруст таълиму тарбия диҳанд, то фаъолияташон дар оянда ба нафъи давлату миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад.
Сарвари давлат паёмади ҷаҳолат, беэътиноӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳимро ин бор махсус таъкид доштанд. Чанд сол пеш ҳидоят намуданд, ки аз хурдсолӣ барои онҳо шароити мусоид фароҳам биёранд ва нисбат ба ояндаи фарзандонашон беэътино набошанд.
Бо эҳсоси бузурги масъулиятшиносӣ Пешвои миллат дар Паём изҳор доштанд: “Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра ба дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”.
Илм ва маорифи кишвар дар натиҷаи ин эътибору ғамхории бевоситаи Сарвари давлат хеле рушд кард. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ хонандагону донишҷӯёнро ба китоб, фанҳои дақиқ бештар дилгарм намуданд. Дар ҳеҷ кишвари дунё чунин озмунҳое, ки барои ғолибон маблағҳои калон ҷудо кунанд, вуҷуд надорад.
Ташаббусҳои зиёде, ки Сарвари давлат барои рушди илм ва маориф дар замони соҳибистиқлолӣ намуданд, ҳама самараи нек оварданд. Сатҳи маърифати хонандагону донишҷӯёну омӯзгорон хеле ва хеле баланд рафтааст. Бо вуҷуди ин ҳама, мо – омӯзгорон набояд ба дастовардҳоямон қаноат биварзем. Имрӯз дунё ба сатҳи кайҳонӣ дар ҳамаи соҳаҳо, хосса маориф, техникаву технология пеш рафта истодааст. Зарур аст, ки ҳамқадами замон, балки пешрафтатар бошем ва давлату миллатамонро дар баробари нигоҳ доштан, ҳифз кардан, бештару беҳтар муаррифӣ кунем. Ҳолиё тамоми шароит барои амалӣ сохтани дастуру пешниҳодҳои Сарвари давлат дар кишвар фароҳам гардидааст ва бояд аз онҳо сари вақт, самаранок истифода барем.
Бинои бошукӯҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ, бо ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мавҷудияти тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Мо, албатта, бо ин ифтихор мекунем ва ба Сарвари давлат дар зимни дарсҳо, ҳамоишҳои илмиву адабӣ сипосгузорӣ менамоем.
Паёми навбатии Президенти мамлакат барои мо – донишҷӯёну омӯзгорон низ дастуру роҳнамоест барои фаъолияти дурусту пурсамар. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳем, то сатҳи сифати таълимро боло барем ва ҳамчунин, тарғиб мекунем, то аҳли ҷомеа рӯ ба маориф биёрад ва барои рушдаш саҳми арзанда бигирад.
Зебунисо Ҳамидзода, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 02.01.2025, №1-2