Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиест, ки ба сифати қутбнамои фаъолияти имрӯзу фардои кишвар барои самтгирии стратегӣ ва рушди давлати тоҷикон роҳнамо ва дастур аст. Зимни ироаи Паёмҳои солонаи Роҳбари давлат ба Парлумони Тоҷикистон, муҳокимаву таҳлили қарорҳои муҳим, мубоҳиса ва вазифагузориҳои давлатро дар бар мегирад.
Паём дар асл нишонаи сиёсати дуруст, зиракии стратегии роҳбарият ва фаҳмидани эҳтиёҷоти ҷомеа мебошад. Ҳар як Паём, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мекунад, амиқтарини арзишҳои миллӣ ва таърихии Тоҷикистонро инъикос мекунад. Вай ҳамеша таъкид мекунад, ки Тоҷикистон бо баҳо додан ба ояндаи рушди устувор, аниқу мушаххас таъмин кардан ба зиндагии беҳтар ва созмонҳои хурду калон, нақши муҳимро бозидааст.
Мавзуи аслии Паём – рушди устувори иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро дар бар мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мунтазам таъкид менамоянд, ки барои таъмини рушди иқтисодӣ, зарур аст, ки ҷомеа ба технологияи муосир, сабтҳои нави иқтисод ва рушди иқтисоди рақамӣ дуруст таваҷҷӯҳ намояд. Кулли ин масъалаҳо дар самти истифодаи захираҳои табиӣ, об ва беҳтар кардани инфрасохторҳо бо манфиати мардум аст.
Инчунин гуфтан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ ва эътироф кардани муносибатҳои дӯстона дар дохили кишвар аз мавзуъҳои доимии Паём мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки танҳо дар муттаҳдии мардум ва дар фазои орому осуда зистани шаҳрвандон метавон ба рушди воқеӣ ноил шуд.
Паёми Пешво ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ва барномаи мукаммали давлатӣ дар назди ҳар як фард вазифаҳои мушахасро мегузорад, то ба иҷрои он барои пешрафти ҷомеа, ватан ва таъмини ояндаи беҳтар саҳм гузорад. Масъулиятпазирии ҳар як шахс дар ҷомеа заминаи рушди устувор ва пешрафти кишвар мегардад.
Паёми Пешвои миллат ҳамчунин роҳнамо ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сифати таҳсил, тандурустӣ, омухтани забонҳои хориҷӣ, фарҳанг ва муколамаи байни мардум муроҷиат мекунад. Ба таълими мукаммал ва ҳамоҳангсозии шароити равнақи илм ва ҳунар кумак кардан, беҳсозии имкониятҳои барои ҷавонон ва коргарони навин, тамоми масъалаҳои муҳими иҷтимоиро таҳлил мекунад.
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар авоили ҳар соли нав ва ё таърихи муҳими миллӣ ироа мегардад, ҳамчун раҳнамои аслии рушд ва шахсиятҳои миллӣ хоҳад монд. Аҳамияти Паём на танҳо дар роҳи нигоҳ доштани ҳокимияти давлат мебошад, балки барномаҳои давлатӣ дар кишвар ва ташаккули самтҳои асосии тараққӣ, аз ҷумла нақшаҳои нав, иқтидори инсониятро ёрӣ медиҳад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистони азизи мо як диди устувор ва қарорҳои оқилона бвҳри рушду пешрафт мебошад. Ин Паём роҳи рафъи камбудиҳо ва пайвастани насли оянда ба ҷомеаи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Бо иҷрои таҳлилҳо ва барномаҳо, Тоҷикистон метавонад баробар бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рушд ёбад.
Иброҳими Аҳмадхон- муаллими калони кафедраи адабиёти хориҷа бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ