(Дар партави ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши бениҳоят муҳим мегузоранд. Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.
Яке аз самтҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллату давлат ва боло рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Бешубҳа, имрӯз дар асоси сиёсати бобарори хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосгузори он Сарвари хирадманду маърифатпарвар ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосси худро касб намудааст.
Сиёсати хориҷии ҳар як давлат дар рушду нумӯъ ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ авлавият дорад. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ яке аз сатҳҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин сиёсати хориҷии он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил, сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Зиёда аз се даҳсола аст, ки давлату миллати тоҷик дар фазои озоду ором арзи ҳастӣ менамояд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои сиёсӣ-дипломатӣ барқарор карда, ба узвияти чанд созмони байналмилаливу минтақавӣ дохил шуда, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 Сарвари давлат оид ба вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, изори андеша намуда, мавқеи ҷомеаи байналмилалиро дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим муайян намуданд. Бо дарназардошти ин омилҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, то зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошҳоро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳад.
Президенти мамлакат иштироки фаъолро дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳо ҳисобиданд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд.
Пешвои миллат аз баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе (моҳи июни соли 2024) ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем».
Президенти мамлакат ҳамкориҳои густурдаро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуда, доир ба бунёди стратегияи кишвари мо ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо бо минтақаи болозикр минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа ишора намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.
Боиси ёдоварист, ки аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва яке аз авлавиятҳои асосии раёсати кишвари мо ин ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.
Президенти мамлакат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсоларо бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» муҳим ҳисобида, омодагии мамлакатро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба таъкид намуданд.
Бо ин мақсад, Президенти мамлакат аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат ишора намуданд.
Ба таъкиди Пешвои миллат ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин, дар ҳамин Паём Президенти мамлакат мавқеи Тоҷикистонро дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ муҳим арзёбӣ намуда таъкид доштанд, ки «кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад».
Пешвои миллат андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалӣ амри зарурӣ донистанд.
Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати хориҷии мамлакат мавқеи намоён ва нақши барҷаста доранд, зеро пас аз ироаи ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равобиту муносибатҳои неку судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ хубтару беҳтар мегарданд ва ин санади сарнавиштсоз ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, таъмини манфиатҳои халқу давлати Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо, инчунин, баҳри баланд бардоштани мақому манзалат ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Сафаров Ҳакимшо — муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ