Home ДАСТОВАРҲО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ. НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ. НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024

by admin
8 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 09.12.2024, таҳти № 05/5-530) маҷлиси васеи ҳайати кормандон ҷиҳати натиҷагирии фаъолияти муассиса дар соли 2024 бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, мудири бахши Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб- Ҳафизов Суҳроб, аъзоёни Шурои олимон, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳо ва ҳайати устодону кормандон доир гардид.

 Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи ҳисоботи солона бо таваҷҷуҳ ба Паёми навбатии Роҳбари кишвар иброз намуданд, ки 28.12.2024 Паёми ояндаафрӯзу раҳнамои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа ва соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳаёти сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву маданӣ ва сиёсати хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии мукаммал қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, бо назардошти мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, муайяну мушаххас гардид.

Нишотовар аст, ки ба бахти мардуми тоҷик ҳар сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ ба ҳукми дурнамои соли дигар ва раҳнамову ҳидоятномаи мардуми тоҷик манзур мегардад. Баҳои баланди Пешвои миллат ба натиҷаҳои соли 2024, новобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир аз он паём мерасонад, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат ба равандҳои фаъолияти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ва, махсусан минтақа, хеле назаррас мебошанд ва ин муваффақиятҳо барои вуруд ба марҳалаи комилан наву дигаргунаи пешрафтҳо заминаҳои устуворе хоҳанд гузошт.

Паёми навбатӣ, ки мавриди истиқболи гарму самимии мардуми кишвар ва тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифт, фарогирии масоили куллии ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир, такмили маърифат ва андешаву ахлоқи башарӣ буда, афкори мондагори Пешвои миллат дар иртибот ба масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, аз ҷумла шинохти қадри зан-модар, хидмат ба ин офаринандаи инсон бо шеваи хоси ҳакимонаву донишварона моро ба сӯйи ҷомеаи ободу озод ва зиндагии саодатбор роҳнамун месозад.

Ҳамчунин, бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудани соли солҳои 2025-2030 падидаи бисёр хушоянду мавриди истиқбол буда, хоса аз мо масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳандозии силсилаи чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, бознигарии факултетҳои амалкунанда, таъсиси кафедраҳои соҳавӣ ва роҳандозии ихтисосҳои мутобиқ ба самт ва равияи мазкурро тақозо менамояд.

Дар идома бо таҳлили амиқи самтҳои фаъолияти муассиса дар соли 2024, аз дастоварду комёбиҳо, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ёдовар шуд. Инчунин, бо зикри таҷрибаву камбудиҳои ҷойдошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди соҳаи илму маорифи кишвар, роҷеъ ба дурнамои фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2025 масъалагузориҳои мушаххас ва оростаи ҳусни тадбир ироа намуд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, аз ҷумла бо назардошти таҳлилу масъалагузориҳояшон дар мулоқотҳои таърихӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (09.03.2024), бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024), ҷиҳати тақвияти ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии аҳолӣ бобати риояи меъёрҳои қонунгузории миллӣ, посдории  арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ иқдомҳои судманду бороварро роҳандозӣ намудааст.

Дар партави тадбирҷӯиҳо, заҳмати аҳлонаву пурсамари коллективи муътабари Донишгоҳ, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, фаъолияти муассиса дар самти робитаҳои байналмилалӣ ва корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар соли 2024 қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Дар ин давра бобати татбиқи Стратегияи рушди Донишгоҳ, ки бо назардошти талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии вазъи таълиму тарбия, ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии таълимгоҳ, бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон, такмили озмоишгоҳҳои мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, рушди хоҷагии минтақа ва ҷумҳурӣ таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Аз ҷумла боиси нишоти афзуни коллективи Донишгоҳ аст, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотии ҳукуматӣ корҳои мартуб ба бунёди бинои наву замонавии таълимӣ дар шафати чапи бинои маъмурии муассиса, ба ҷойи бинои 2-ошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг оғоз гардида, айни ҳол бартарафсозии бинои куҳнаи таълимӣ ҷараён дорад.

Илова бар ин, тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ роҷеъ ба бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб дар рӯ ба рӯйи бинои факултети физика ва математика, пушти бинои кӯдакистони донишгоҳ пурра ба анҷом расида, оғози қарибулвуқуи корҳои сохтмонӣ дар назар аст.

Ҳамасола дар доираи Лоиҳаи «Нашрияи байналмилалии Китоб» озмуни «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ” бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии “Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон миёни муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ-таҳқиқотии беҳтарин ва дар амалия татбиқ намудани онҳо доир карда мешавад ва дар он шумораи зиёди намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.

Боиси ифтихори аҳли раёсат ва устодону кормандони Донишгоҳ аст, ки дотсентон Комилов Н.Б. ва Мирсаидов М.Н. дар озмуни мазкур бо пешниҳоди таҳқиқоти илмӣ дар бахши иқтисодиёт ғолиб гардида, бо медалу дипломи дараҷаи 1-уми “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2024” қадрдонӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои донишандӯзии насли наврасу ҷавон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар факултети филологияи хориҷӣ синфхонаи лингафонии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ ифтитоҳ гардид, ки барои донишҷӯёну магистрантон, докторантони PHD, унвонҷӯёну муҳаққиқон имконоти васеи омӯзиши забони англисиро фароҳам меоварад.

Ҳамчунин дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети физика ва математика озмоишгоҳи “Барқ” ба номи академик Каримов Самариддин Каримович ва китобхонаву синфхонаи электронӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муҷиби ифтихор ва шоистаи таҳсин аст, ки дар давраи ҳисоботӣ устоди факултети физика ва математика,  дотсент-Ғафоров Сатор, ба гирифтани НАХУСТПАТЕНТ (№TJ 1552, 8.11.2024) бо ихтироъ “Барои чен кардани параметрҳои электрофизикӣ ва пайвастагиҳои нимноқилӣ дар  ҳарорати миёна” дар соҳаи физика шарафёб гардид.

Дар ин баробар ба Исоева Фариза- магистранти курси 2-юми ихтисоси биология ва Назаров Аминҷон-ассистенти кафедраи илмҳои компютерӣ хабарнома барои соҳиб гардидани НАХУСТПАТЕНТ ба 2 ихтироъ “Маҳсулоти табиии шифобахш дар шакли чой бо номи “Иқтидор” ва “Маҳсулоти табиии шифобахш дар шакли нӯшоба бо номи “Иқтидор” дастрас гардидааст. Муаллифон дар наздиктарин муҳлат баъд аз иҷрои расмиёти дигар соҳиби НАХУСТПАТЕНТ ба ихтироъ мегарданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023, №668, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ дар «Телевезиони Кулоб» барномаи телевизионии «Маърифати ҳуқуқӣ» роҳандозӣ гардид, ки давоми соли 2024 моҳе як маротиба дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак ташкил ва баргузор карда шуд.

Хурсандиовар аст, ки дар ин давра заҳмат ва талошҳои коллективи меҳнатии Донишгоҳ дар роҳи омоданамоии донишҷӯён барои иштирок дар озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи нек ба бор оварда, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ бо гирифтани 3 ҷойи намоён (1 ҷойи якум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар муаррифгари шоистаи Донишгоҳ гардиданд.

Таърихи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст гардида, маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун баргузор шуд.

Хурсандиовар аст, ки зимни натиҷагирии озмун Расулзода Абдулбосит-донишҷӯйи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардид.

Муҷиби ифтихори ҳайати кормандони Донишгоҳ аст, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он- Файзиев Пулодҷон, дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба самбо миёни устодону собиқадорон дар миёни 400 варзишгар аз 15 давлат фаъолона ширкат варзида, дар вазни 71кг ба гирифтани ҷойи сеюм зафарёб гардида, бо диплом ва медали биринҷии чемпионат сарфароз гардонида шудааст.

Дар ин давра бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ дар Телевезиони Кӯлоб барномаи телевизионии «Маърифати ҳуқуқӣ» роҳандозӣ гардид, ки давоми соли 2024 моҳе як маротиба дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак ташкил ва баргузор мегардад.

Натиҷаи азхудкунии сессияи фаъоли тобистонаи соли таҳсили 2023-2024 дар таълими рӯзона 69,1% (нисбат ба соли гузашта -2,6% кам мебошад) ва дар таълими фосилавӣ бошад 50,7%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта + 1,6% зиёд мебошад.

Шумораи умумии хатмкунандагон дар соли 2024 дар таълими рӯзона, фосилавӣ ва магистратура 2 327 нафар-ро ташкил медиҳад ва донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд 60 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8 нафар зиёд мебошанд.

Ҳайати устодону кормандон дар соли ҷорӣ аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Аз 465 нафар ҳайати омӯзгорон 451 нафарашон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буданд, ки ин шумора ба 95,1%-и теъдоди омӯзгорони донишгоҳ баробар аст ва нисбат ба 3 сол пеш 16,2 % зиёд мебошад.

Дар соли 2024 1 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.

Инчунин, санаи ҳимояи 6 нафар унвонҷӯён маълум гардидааст, ки аз инҳо 1 нафарашон рисолаи докторӣ мебошад ва 34 нафар унвонҷӯён ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои худро таҳия намуда, барои пешниҳод ба Шуроҳои диссертатсионӣ омодагӣ мегиранд.

Хурсандибахш аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ ба озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” пешниҳод гардид, ки аз инҳо 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин баробар дастаи олимпии донишгоҳ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона дар олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.

Дастовардҳои муҳассилини Донишгоҳ аз озмуни пуршукӯҳи «Илм-фурӯғи маърифат» низ нишотовар буда, дастаи олимпии Донишгоҳ  бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи дуюм дар номинатсияи “География”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ”, як ҷой аз номинатсияи “Химия”) ва 1 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихороти Донишгоҳро афзуданд

Соли ҷорӣ дар Донишгоҳ дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Форуми васеи донишҷӯён таҳти унвони «Маҳорати ман» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин истеъдодҳо дастоварҳояшонро пешниҳод намуданд ва корбарӣ дар самти ихтироъкорӣ рӯ ба афзоиш аст.

Нашрияи расмии донишгоҳии “Анвори дониш”, ки инъикосгари фаъолияту дастовардҳои рӯзмараи донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён ва дар маҷмуъ, дастовардҳои истиқлолу ваҳдати миллии кишвари азизамон буда, хонандаи сершумор дорад, дар давраи ҳисоботӣ 9 шумора нашр гардид, ки теъдоди нашри якдафъаинаи он ба 5000 нусха баробар аст.

Рӯзномаи “Анвори дониш” дар давраи ҳисоботӣ дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” сазовори ҷойи 2-юм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 2 шарафёб гардид.

Ҳамчунин соли сипаригардида сармуҳаррири рӯзнома Муҳаммадҷони Абдувоҳид дар озмуни “Мақолаи беҳтарин” ба муносибати 30-солагии ҲХДТ, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд, иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи 2-юм шарафёб гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” аз зумраи озмунҳоест, ки он  ҷиҳати мукаммал намудани захираи кадрӣ, ташаккул додани раванди вусъати неруҳои эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, густариши маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Боиси шодии афзун аст, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Назриев Суннатулло — корманди ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардид.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан”, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, дар ин озмун мутахассиси раёсати тарбияи Донишгоҳ — Сайёра Қурбонова, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни Донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуривӣ ва шаҳрию донишгоҳӣ ширкат варзида ,сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин давра донишҷӯёни мо ба гирифтани 20 медали тилло, 25 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ, 60 ифтихорнома, 13 нафар номзад ба варзиш ва 7 нафар устоди варзишро сазовор гардиданд.

Худойдод Ҳакимов-донишҷӯи курси 1-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳ дар мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи намуди гуштини тарзи озод миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-92 кг) барандаи нишони тилло, диплом ва камарбанди мусобиқа гардид.

Абубакр Муродзода-донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳ нишони биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиёро миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-60 кг) соҳиб шуд.

Хурсандиовар аст, ки дар ин баробар, дастаи футболбозони донишҷӯёни Донишгоҳ  дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардиданд.

Дар ин давра донишгоҳ бо зиёда аз 90 МТОК-и хориҷӣ кишвар ҳамкории судмандро идома дод, ки ба самтҳои табодули таҷриба, табодули дастовардҳои соҳаи таълим, табодули таҷриба дар соҳаи илм ва иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ва ғайра равона карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Узбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Боиси хушнидист, ки рӯзи 16 декабри  соли 2024 зимни баргузории ҳамоиши Дафтари миллии #Эрасмус+ дар Тоҷикистон таҳти унвони “Рӯнамои барномаҳои Эрасмус+: имкониятҳо ва имтиёзҳо”, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои грантии  Эрасмус+ дар миёни 48 МТОК-и ҷумҳурӣ, соҳиби Ҷоиза ва сертификати Иттиҳоди Аврупо дониста шуд.

Инчунин муовини ректори Донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова ба ҳайси коршинос дар комиссияи Фестивали якуми байналмилалии амалияи таълимӣ ба номи Менделеев – 2024» аз рӯи самтҳои «Роҳнамои идоракунии сифати таҳсилот», «Роҳнамои технологияҳои таълимӣ», «Роҳнамои таълимӣ», «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионии татбиқшаванда» ва «Роҳнамои муҳити таҳсилоти рақамӣ», ки дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон-Россия “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши фанҳои алоҳида дар шаҳри Турсунзода ба номи Д.И. Менделеев», баргузор гардид, барои иштирок ва ба сифати ҳакамон баҳогузорӣ намудани корҳои эҷодию педагогии омӯзгорон аз ҷониби сарпарасти Фестивал, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Д.С. бо зикри соҳа ба соҳаи дурнамои фаъолият дар соли 2024, дар фарҷоми суханронӣ, натиҷагирӣ намуданд, ки зарфият, тавоноӣ, имконоти ҳайати олимон ва донишҷӯёни Донишгоҳ беш аз ҳадди натиҷаҳо буда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳро зарур аст, ки беш аз пеш кӯшиш ба харҷ дода, дар соли навбатӣ бо тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии матни лексияҳо ба талаботи замони муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти кори маҳфилҳои фаннӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба онҳо, тақвияти дастаи олимпӣ, аз ҷумла бо ҷалби хатмкунандагон ба зинаҳои магистратура ва докторантура, дар ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ корро боз ҳам ҷоннок ва натиҷаву дастовардҳоро афзун намоем.

Дар бахши музокирот, Холиқов Сафар – дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, Шоҳинов Ҳасан – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик баромад намуда, ҳисоботи ректори донишгоҳро қаноатбахш, таҳлилҳоро амиқу фарогир, дурнамои фаъолиятро, бо ироаи пешниҳодоти хеш, мубраму саривақтӣ ва судманду натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, як қатор профессорону омӯзгорон ва устодону кормандони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ бо Нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment