(қадршиносии устодону донишҷӯён дар ҳошияи натинатиҷагирии фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024)
“Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Бо назардошти ин дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии устодону донишҷӯён дар ҳошияи натинатиҷагирии фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024 доир гардид.
Дар кори ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, садорати факултетҳо, масъулин, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намудаанд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, омили муҳим ва муассиртарин шева барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни на танҳо варзишгарон, балки мамолики ҷаҳон аст. Дар ин баробар варзиш омили муҳим ва воситаи ҷаҳонбинии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ кардан ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои мухталифи ҷаҳон мегардад.
Гуфта шуд, ки Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни Донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуривӣ ва шаҳрию донишгоҳӣ ширкат варзида ,сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин давра донишҷӯёни мо ба гирифтани 20 медали тилло, 25 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ, 60 ифтихорнома, 13 нафар номзад ба варзиш ва 7 нафар устоди варзишро сазовор гардиданд.
Худойдод Ҳакимов-донишҷӯи курси 1-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳ дар мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи намуди гуштини тарзи озод миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-92 кг) барандаи нишони тилло, диплом ва камарбанди мусобиқа гардид.
Абубакр Муродзода-донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳ нишони биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиёро миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-60 кг) соҳиб шуд.
Хурсандиовар аст, ки дар ин баробар, дастаи футболбозони донишҷӯёни Донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардиданд.
Ҳамчунин дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят гузаронида шуд, ба касби ҷойҳои ифтихорӣ ва медалу дипломҳои мусобиқот шарафёб гардиданд. Дастаи варзишии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Фестивали бозиҳои варзишӣ барандаи 42 медали мусобиқот гардиданд, ки онро 19 медали тилло, 19 медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар бар мегирад.