Home ДАСТОВАРҲО ҲИМИЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

ҲИМИЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
35 views
Санаи 28.12.2024 Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура- муаллими калони кафедраи биология, мудири озмоишгоҳи биотехнологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи илмии худро дар мавзуи «Хусусиятҳои биологии намудҳои авлоди Allium L. дар шароити минтақаи Кулоб ва масъалаи интродуксияи онҳо», зери роҳбарии доктори илмҳои биология- Раҳимов Сафарбек ва мушовирии директори Маркази илмии хатлонии АМИТ, доктори илмҳои биология-Бобоев Марио Тилоевич, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 6D060700 — Биология (030201 — Ботаника) дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА-034 назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбарони илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барор таманно менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment