Имрӯз 28-уми декабри соли 2024 Паёми навбатии Асоcгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
Ҳайати раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ раванди ироаи паёмро дар толори фарҳанги Донишгоҳ тавассути телевизионҳо ба таври мустақим тамошо намуда истодаанд.
Дар толор раёсати донишгоҳ, роҳбарони сохторҳо ва устодону донишҷӯён иштирок доранд.
Ҳамчунин дар толорҳои лексионии 10 факултети Донишгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, устодону донишҷӯён Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуда истодаанд.
Дар донишгоҳ барои тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асоcгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3000 нафар ҷалб гардонида шудаанд.