Home СИЁСАТПРЕЗИДЕНТ ДДК: БЕШ АЗ 3000 НАФАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАМОШО НАМУДАНД

ДДК: БЕШ АЗ 3000 НАФАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАМОШО НАМУДАНД

by admin
31 views
Имрӯз 28-уми декабри соли 2024 Паёми навбатии Асоcгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ беш аз 3000 нафар устодону донишҷӯён тамошо намуданд.
Ҳайати раёсат, роҳбарони сохторҳо ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ раванди ироаи паёмро дар толори фарҳанги Донишгоҳ тавассути телевизионҳо, ба таври мустақим тамошо намуданд. Ҳамчунин дар толорҳои лексионии 10 факултети Донишгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, устодону донишҷӯён Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар факултетҳо тамошо намуданд.
Ба бахти мардуми тоҷик пайваста дар охири ҳар сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ҳукми дурнамои соли дигар ва раҳнамову ҳидоятномаи мардуми тоҷик манзур мегардад. Баҳои баланди Пешвои миллат ба натиҷаҳои соли 2024, новобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир аз он паём мерасонад, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат ба равандҳои фаъолияти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ва, махсусан минтақа, хеле назаррас мебошанд ва ин муваффақиятҳо барои вуруд ба марҳалаи комилан наву дигаргунаи пешрафтҳо заминаҳои устуворе хоҳанд гузошт.
Дар воқеъ зимни ироаи Паёми ояндаафрӯзу раҳнамои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳаёти сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву маданӣ ва сиёсати хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии мукаммал қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, бо назардошти мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, муайяну мушаххас гардид.
Пешвои маҳбуби миллат, бо эътимоди комил ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон, даъват ба амал оварданд, ки ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд бояд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад. Зимнан Пешвои муаззами миллат чун анъана ба масоили рушди илм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дастгирии устодону муҳассилини зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдому пешниҳодоти судманд ва таъкиду роҳнамоиҳои ояндасозро, ки дар Паём ироа гардид, хуш истиқбол намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани азизу маҳбуб, неъмати ҳувиятбахше чун истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъии халқи кишвар барои амалӣ намудани муваффақонаи нишондод баҳри дурнамои нек саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Related Articles

Leave a Comment