Home ОЗМУНҲО ТАШАББУСИ ОМӮЗГОР: ОЗМУНИ «ХУШХАТНАВИСӢ»

ТАШАББУСИ ОМӮЗГОР: ОЗМУНИ «ХУШХАТНАВИСӢ»

by admin
29 views
Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он-Бегиев Шариф, озмуни «Хушхатнависӣ» миёни донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он 72 нафар донишҷӯ иштирок намуд.
Мақсади озмун таҳкими малакаи хушнависӣ, эҳё ва рушди ҳунари зебо навиштан, инчунин ташаккули завқи эстетикӣ миёни донишҷӯён арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни озмун донишҷӯён маҳорати баланди хешро дар самти хушхатнависӣ нишон доданд. Ҳайати доварон, ки аз омӯзгорони соҳибтаҷриба иборат буданд, сатҳи иҷрои корҳоро бо диққат баҳогузорӣ намуданд.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии озмун, донишҷӯёни зерин- Эмомова Савлатбӣ, донишҷӯи гурӯҳи 202, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, ҷойи якум;
Ализода Сафина донишҷӯи гурӯҳи 203, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, ҷойи дуюм;
Умарова Дилноза донишҷӯи гурӯҳи 402, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ва Маҳмудова Мариямбӣ, донишҷӯи гурӯҳи 205, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи санъати мусиқӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин гуна чорабиниҳо барои рушди малакаҳои зебонависӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои хаттии донишҷӯён мусоидат менамояд. Ташаббуси омӯзгор Бегиев Шариф қобили таҳсин буда, умед аст, ки чунин озмунҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Related Articles

Leave a Comment