Дар забон ояд Ватан чун субҳи рӯҳафзои мо,
Рӯ кушояд халқ чун оинаи симои мо.
Бе Ватан баски нарахшад шамсу ахтарҳои мо
Бишнавед, эй асрҳо, посух аз лабҳои мо:
Халқ ёбад бо Ватан тоҷи сари болои хеш,
Халқ ёбад бо Ватан тахти ҷаҳонорои хеш.
Мо ҳама чун дасту бозӯи ба ҳам печидаем.
Аз замини як чаман, як меҳри дил сабзидаем.
Як раҳи умед бо ёрони худ тай кардаем,
Як гули мақсуд бо ёрони ҷонӣ чидаем.
Бе Ватан баски нарахшад шамсу ахтарҳои мо,
Бишнавед, эй асрҳо, посух аз лабҳои мо:
Халқ ёбад бо Ватан тоҷи сари болои хеш,
Халқ ёбад бо Ватан тахти ҷаҳонорои хеш.