Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров- адабиётшинос, мунаққид, омӯзгори варзида, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Соҳиб Табаров-мунаққид ва адабиётшиноси шуҳратёр” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва аҳли қалам доир шуд.
Дар кори конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аламхон Кучарзода, сармуҳаррири нашрияи расмии Тоҷикистон- “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳ — Асозода Ҳотам, Шоири халқии Тоҷикистон — Озар Салим ва дигар меҳмонон аз марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори ҳамоиш бо намоиши асарҳои Пешвои миллат, таълифоти Соҳиб Табаров ва дастовардҳои устодону донишҷӯён дар даромадгоҳи бинои маъмурии муассиса оғоз гардида, дар толори фарҳанги донишгоҳ идома ёфт.
Раиси шаҳри Кӯлоб- Назарзода Бахтиёр Худоёр, зимни суханронӣ ҳайати меҳмононро ба Кӯлобшаҳри овозадор самимона хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди фарҳангу адабиёти тоҷик ва ҳаёту фаъолияти ходимони илму адаб таваҷҷуҳи беандоза доранд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар гушаву канори ҷумҳурӣ таҷлил намудани 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид-Соҳиб Табаров, аз ҷумлаи тадбирҳои фарҳангии Роҳбари давлат дар роҳи маърифатафзоист.
Муовини раиси вилояти Хатлон — Абдусаломзода Анзурат зимни баромад таъкид дошт, ки иқдоми наҷибу адабпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шинохти шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангии кишвар қобили ситоиш ва пайравӣ мебошад. Дар робита ба ин баргузории конференсияву ҳамоишҳо бахшида ба 100- солагии Соҳиб Табаров дар ҳамаи муассисаҳои таълимиву илмии қаламрави вилоят ба иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 нигаронида шудааст. Тазаккур бояд дод, ки устод Соҳиб Табаров дар дафтари “Таассуроти ақлу дил” дар бораи бузургии меҳнат чунин гуфтааст: “Ин ду мафҳум (инсон-меҳнат) аз ҳам ҷудонашавандаанд. Инсон, ки аз меҳнат монд, ҳалок мешавад, албатта. Бинобар ин, дар ҳаёти моддӣ ва маънавӣ мақоми меҳнат (бо тамоми гуногунӣ ва ҳатто мухталифию зиддиятнокиаш бағоят бузург аст». Агар, ба таъбири бузургон, меҳнат “шарти якуму асосии тамоми зиндагии инсон бошад”, агар “худи инсонро меҳнат ба вуҷуд оварда бошад”, худ аз худ маълум мегардад, ки адабиёти бадеӣ низ аз инъикоси ин мавзуъ дар канор истода наметавонад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни суханронии худ бо таваҷҷуҳ аз сиёсати хирадбунёду маърифатпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар иброз намуд, ки аз файзи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маърифатмеҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои хирадойину фарҳангсолори миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳангу арзишҳои деринбунёди миллӣ, чеҳраҳои саршиноси илму адаби мо, ки дар ғанисозии тамаддуни башарӣ нақши мондагори таърихӣ доранд, ҳамчун ниёи бофазлу шуҳратёр ва оламшумули миллати тоҷик ба таври шоиста муаррифӣ шуда, осори пурҳикмат ва рӯзгори ибратомӯзи эшон сафобахши масири ташаккулу худшиносии наслҳои миллат гардидааст.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар партави иҷрои Амри Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат роҷеъ ба таҷлили шоиставу ифтихорангези 100-солагии адабиётшиноси нотакрору соҳибмактаб, мунаққиди беҳамтову заррабин, омӯзгори асилу илҳомбахш, устоди садҳо шарафёрони сухани волову илми адабу ахлоқ, шодравон Соҳиб Табаров, инчунин, бо илҳом аз силсилаи чорабиниҳои илмиву адабӣ, ки давоми сол дар саросари кишвар, дар муассисаҳои таълимиву пажуҳишӣ пуршукуҳу хотирмон доир гардиданд, шарти масъулият ва ҳам шарафу сарафрозӣ донист, ки бо даъвати адибону донишмандон, олимону суханшиносон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, алоқамандони мактаби серпаҳно ва нигоштаҳои ҷолибу пурҳикмати ин устоди зиндаёд, посдору мубаллиғи адабиёти нобу ҷаҳонгири форсу тоҷик ҳамоиши илмиву адабие доир намояд.
Ҳамчунин таъкид намуданд, ки шавқу ангезаи афзуни китобхониву илмандӯзӣ, иродаи матину мавқеъгирии устувор, фаъолияти мудому пурмаҳсул, ҷалби таваҷҷуҳу баҳрамандӣ аз мактаби ахтарони пурҷилои илму адаби замон, дар синни ҷавони 23-солагӣ пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагон, дар 25-солагӣ дифои рисолаи илмии номзадӣ, дар 29-солагӣ – узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, таслимнопазирӣ дар муқобили зиддиятҳои рақибону нотавонбинон, тақвияти пуркориву таълифот, бо вуҷуди пириву захмҳои рӯзгор… – ин ва дигар далелҳо аз ҳаёти шарафбори наздик ба як қарни устод Соҳиб Табаров, воқеан, аз як шахсияти барҷаставу нотакрор, олими шоиставу фарзанди ҷонпайванди миллат парда бармедоранд.
Дар идома тибқи барномаи ҳамоиш Нависандаи халқии Тоҷикистон-Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон-Ҳақназар Ғоиб суханронӣ намуда, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор- Аламхон Кучарзода, дар мавзуи “Зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ-омӯзгории Соҳиб Табаров”, доктори илмҳои филологӣ- Асозода Ҳотам, дар мавзуи “Маҳорати чеҳраофаринии Соҳиб Табаров дар танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Баъд аз қисми асосӣ дар бахши музокира Шоири халқии Тоҷикистон- Озар Салим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон-Чупон Бадал, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими донишгоҳ, дотсент Холиқов Сафар, директори Ганҷинаи Соҳиб Табаров дар ноҳияи Муъминобод-Олимҷон Табаров ба сухан баромада, ҷойгоҳи Соҳиб Табаровро дар адабиёти муосири тоҷик шоёни таҳсин хонданд.
Ровии ҳамоиши илмӣ-адабӣ, дотсент- Зулфиев Гадомад, кори ҳамоишро бо таманнои тантанаи ҳамешагии нури маърифату худшиносӣ дар осмони софу беғубори кишвари соҳибистиқлол ва равнақбору пурфайз будани масири давлатдории пурифтихори миллӣ ба охир расонид.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид, «Анвори дониш»