Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ ЭКОЛОГӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ ЭКОЛОГӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

by admin
10 views
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои донишҷӯён, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва табодули таҷрибаи омӯзгорону муҳаққиқон пайваста конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии ин конференсияҳо таҳкими мақоми донишгоҳ ҳамчун маркази илмӣ-омӯзишӣ, мусоидат ба пешбурди ҷомеаи илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад. Бо ин мақсад дар таърихи 20.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биология конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим” дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 30- солагии таъсисёбии факултети химия ва биология баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Раҳимов Сафарбек, профессори институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков-и АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Наврӯзшоев Довудшоҳ, профессори кафедраи физиологияи растаниҳои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои биологӣ Эргашов Абдулло, ходими калони институти зоология ва паразитология ба номи Павловскийи АМИТ, номзади илмҳои биология Ҳакимов Файзалӣ, олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҳайати раёсат ва устодону омӯзгорони донишгоҳ иштирок доштанд.
Меҳмонон пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои маъмурӣ аз намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуданд.
Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек меҳмонони арҷмандро ба ин даргоҳи илму дониш хуш омадед гуфта, баргузории чунин як конфронси сатҳи баландро барои рушди таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷрибаи муҳаққиқон ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд. Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо бо ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ҳамоҳангӣ дорад. Аз ҷумла, ташаббуси созандаи Пешвои миллат дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дод ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, заминаи мустаҳками илмӣ ва амалиро барои ҳалли мушкилоти экологӣ фароҳам овардааст.
Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи обӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, бахусус масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, саҳми назаррас мегузорад. Натиҷаҳои ин конфронс метавонанд такони нав барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат ва ҳалли масъалаҳои марбут ба экология шавад.
Сипас, доктори илмҳои биологӣ, профессор Раҳимов Сафарбек дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ дар экосистемаҳои Тоҷикистон”, доктори илмҳои биология, профессор Наврузшоев Довудшоҳ дар мавзуи “Боғи ботаникии Помир ба номи А.В. Гуруский — маркази ҳифзи растаниҳои гуногун”, доктори илмҳои биологӣ, профессор Эргашов Абдулло дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити атроф” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Ҳамзамон дар бахши музокирот мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар ба сухан баромада, иброз доштанд, ки мавзуи «Таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим» яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами замони муосир мебошад. Таҳқиқи таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим барои таҳияи стратегияҳои самараноки мубориза бо ин мушкилот аҳамияти калон дорад. Ин мавзуъ на танҳо ба муҳити зист, балки ба иқтисод, саломатии инсон ва таъмини амнияти озуқаворӣ низ бевосита алоқаманд аст.
Баъд аз анҷоми қисми асосии конфронс ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён зимни боздид аз Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев ҳамчун рамзи ёдоварӣ бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар боғ ниҳоли ҳамешасабзи дӯстӣ шинониданд.
Кори конференсия қисми дуюми рӯз дар 4 бахш бо баррасии 90 мақолаи олимону донишмандон ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment