Home ХАБАР ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ҲИСОБОТИИ СОЗМОНИ ВИЛОЯТИИ ХАТЛОНИИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСИ ҲИСОБОТИИ СОЗМОНИ ВИЛОЯТИИ ХАТЛОНИИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

by admin
9 views

Санаи 20 декабри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар Конфронси ҳисоботии созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти раёсати раиси ИЖ Тоҷикистон  Исмоилзода Зинатулло, Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшо-сардори шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Асалмо Сафарзода-раиси созмони вилоятии журналистон баргузор гардид.

Зимни конфронс ҳисоботи раиси созмони вилоятии журналистон- Асалмо Сафарзода «Дар бораи фаъолияти созмони вилоятии ИЖ Тоҷикистон дар давраи аз моҳи январи соли 2016 то 1 ноябри соли 2024» шунида шуд.

 Таъкид гардид, ки Созмони вилоятии хатлонии ИЖ Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Чумхурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи созмони журналистони вилояти Хатлон ба роҳ монда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиати аъзои Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки дар созмонҳои ибтидоии журналистони назди идораи рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, макотиби олӣ, идораи радио ва телевизиони вилоят кор мекунанд, корхои мушаххасро ба сомон расондааст.

Дар бахши музокира аз ҳайати сафарбаргардидаи кормандони донишгоҳ (Худойдодова Шарофат, Алишери Абдулмаҷид, Муҳаммадҷони Абдувоҳид) ба конфронс дотсент Шарофат Худойдодова ибрози андеша намуда, нақши устодону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар омоданамоии журналистони ҷавон ва инъикоси дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment