Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШВОИ СУЛҲОВАРИ ТОҶИК

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШВОИ СУЛҲОВАРИ ТОҶИК

by admin
6 views

Воқеан ҳам ҷомеашиносон бисёр дуруст қайд намудаанд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ беназир буда, мавқеи муҳим дорад. Боиси ифтихори мардуми тоҷик аст, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ, қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон ва мақомоти олии давлатҳои гуногун ҳамчун як падидаи нодир ва ибратомӯз пазируфта шудааст. Мо ифтихор мекунем, ки Созмони Миллали Муттаҳид «Созишномаи сулҳи тоҷикон»-ро пирӯзии ақлу хирад, намунаи олии дарк намудани манфиатҳои Ватану миллат ва масъулияти бузург дар баробари ҷомеа пазируфта ба чунин қарор омадааст: «Тоҷикон Созишномаи сулҳро дар паси сангараҳо тарҳрезӣ карданд. Қиммати сулҳи тоҷикон беҳамтост. Вай дар роҳи пойдории сулҳи сартосарии ҷаҳон намунаи ибрат хоҳад буд».

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки вазъи ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ин масъалаи таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти комил ба даст овардани давлатҳо мебошад. Таъсири терроризм ва интиқоли маводи мухаддир то рафт ба таъмини сулҳу суботи ҷаҳон халал ворид намуда истодааст. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сулҳу субот ва пешгирии маводи мухаддир муборизаи шадид мебарад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки оиди сулҳ, терроризм ва пешгирии мавди мухаддир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ба мисли Созмони Милали Муттаҳид баромад намуда, аҳли башарро барои муборизаи беамон бар зидди ин амалҳои номатлуб даъват менамояд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳо, соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонро ҳамаи мардумаш пазируфтанд. Вале дар як муддати кутоҳи таърихӣ душманони баъдхоҳи миллати тоҷик ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён ва ҷанги шаҳрвандиро дар ин сарзамин ба вуҷуд оварданд. Дар як муддати кутоҳ вазъият ниҳоят ҳассос ба назар расида дар натиҷаи нооромиҳо шахсиятҳои баруманди кишвар ва ходимони давлатӣ бераҳмона таҳдиду ба қатл расонида шуданд. Ин солҳои мудҳиш бо ҳамаи кулфату азобу бадбахтиҳояш дар хотири мардуми тоҷик нақш бастааст ва мо ҳақу ҳуқуқ надорем, ки онро фаромӯш созем. Набояд фаромӯш созем, ки даҳҳо ҳазор манзилҳои обод, мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои фарҳангиву маърифатӣ хароб ва тӯъмаи оташ шуданд. Аз як тараф қатлу куштори бераҳмона ва аз тарафи дигар гуруснагиву бенавоӣ домангири мардум гардида, парокандашавии миллатро ошкорро таҳдид менамуд.

Аз миён рафтани давлат ва ҳамчунин давлати соҳибистиқлол аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани Тоҷикистон дар назар дошта шуда буд. Дар натиҷаи нобасомониҳо иқтисодиёти давлат ба нол баробар гардида буд. Касе кафолати ҷони дигаронро дода наметавонист. Ин лаҳзаҳои мудҳишро шоири зиндаёди тоҷик Ашӯр Сафар чунин иброз намуда буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,
Помоли фано зулмати шаб мешуда бошад.
Фарзанд, ки ба ҷони падар теғ кашид,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад.
Бар куштани фарзанд падар низ кашид теғ,
Дар байни суоле зи насаб мешуда бошад.
Дар ларза бадан аз асари таб шуда бисёр,
Нобуд чунин ларзаву таб мешуда бошад.
Аз дидаи дар гиря бувад хоб фирорӣ,
Меҳмон ба дари дида ғазаб мешуда бошад.
Кӣ кард ҷафо бешу кӣ овард бало пеш,
Бо ченаки таърих ваҷаб мешуда бошад.
Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад.
Илҳоми гурезанда садо дод зи дурӣ,
Рози ту ба ин бахт сабаб мешуда бошад.

Дар ин маврид нафареро лозим меомад, ки нофаҳмиеро, ки дар байни миллати тоҷик ба вуҷуд омада буд фаҳмонида, пеши роҳи қатлу куштор аз байн рафтани миллату ватан ва иқтисодиёташро нигоҳ дорад. Чун вазъи ҷумҳурӣ ниҳоят ҳасосу ноором ба назар мерасид касе масъулияти барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллиро ба души худ намегирифт. Дар чунин вазъияти ниҳоят ҳассос бо ҳадяи Яздони пок Президенти Ҷумҳуриамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулияти бузургро ба душ гирифта, қавл доданд, ки «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам». Воқеан Президенти мамлакатамон дар қавли худ истода ҷони худро барои барқарор намудани сулҳу ваҳдат дареғ надониста миллати тоҷикро аз вартаи нестшавӣ нигоҳ доштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дуруст қайд намудаанд, ки «Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тулонӣ ва баҳсҳои дурру дароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем».

Бояд қайд намуд, ки пешравии ҳамаи давлатҳо аз сулҳу субот ва соҳибистиқлолии онҳо вобастагии калон дорад. Худ қазоват кунед, ки давлатҳои абадқудрати ҷаҳон чигуна боигарӣ доштанду дар айни замон дар кадом ҳолат қарор доранд. Дар байни мардум мақоли хубе ҳаст «Обод кардан мушкилу вайрон кардан осон». Ҷангҳои шаҳрвандӣ дар муҳлати кутоҳ метавонад, ки иқтисодиёти давлатро хароб сохта онро ба нестшавӣ бурда расонад.

Мардуми шарафманди тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар атрофи сарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри ободонии кишвар талош намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гардида, аз самараи он ба хуби истифода бурда истодаанд. Дастовардҳои илмию фарҳангӣ, иқтисодию сиёсӣ ва соҳаи маорифу тандурустӣ нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурд. Баромадҳои сарвари давлат дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва гузоштани ҳаллӣ масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ шаҳодати башардӯстии мардуми тоҷикро нишон дод.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз ҳам давлатҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоие ҳастанд, ки аз дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки бе муболиға ин қадар дастовардҳоро дар замони Шӯравӣ ба даст наоварда буд, нодидагирӣ намуда, пойдории сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро нахоста, талабгоранд, ки ба сулҳу суботи он халал ворид намоянд. Фаромӯш набояд сохт, ки беҳтарин неъмате, ки ба миллати тоҷик имрӯз муяссар гаштааст ин истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад ва ҳар яки моро лозим меояд, ки онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта нагузорем, ки нохалафони миллат онро доғдор созанд.

Бигузор соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон абадан пойдор монда обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ зери роҳбарии Сарвари оқилу донои мо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам балантар равад.

Лоиқов П. номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рӯзномаи “Анвори дониш” аз 12.12.2024, №9 (354)

Related Articles

Leave a Comment