Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САҲИФАЕ АЗ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ (СОЛҲОИ 1960-1962)

САҲИФАЕ АЗ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ (СОЛҲОИ 1960-1962)

by admin
6 views

Фаъолияти пурсамари муассисаи таълимӣ ҳама вақт ба кадрҳои баландихтисос вобаста аст. Дар фаъолият ва ташкили раванди таълим, ин омил бештар нақш мебозад. Барои ҳамин ҳам пас аз анҷоми ҷанг ва саршавии барқароркунии хоҷагии халқ тибқи қарори Вазорати маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз 15 августи соли 1945 таҳти №1373 дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, ки дар гузашта номҳои «Курси педагогӣ» (1931-1934), «Техникуми педагогӣ» (1934-1935), «Комбинати педагогӣ» (1935-1938) ном доштааст, Институти дусолаи муаллимии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт.

Институти дусолаи муаллимии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳорумин ва дар Ҷануби Тоҷикистон нахустин боргоҳи илму маърифат ба шумор рафта, соли 2015-ум таҷлили 70-солагии он баргузор гардид.

Муассиса дар ибтидо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ бо номи «Донишкадаи муаллимии Кӯлоби Комиссариати Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» низ омадааст.

Дар ибтидои кор дар донишкада се факулта: таърих ва филолигия, физика ва математика, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия амал мекард. Соли хониши 1945-1946 аз тамоми гушаю канори вилояти Кӯлоб 48 нафар ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба донишкада қабул шуданд. Ин ҳам дар натиҷаи чорабиниҳои зиёди раёсати донишкада, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо, вилоят, ташкилотҳои ҳизбӣ ва комсомолӣ ба даст омада буд.

Дар ибтидои солҳои 50-ум донишкадаи муаллимии Кӯлоб яке аз маҳзанҳои муҳими тайёр кардани кадрҳои баландихти¬сос барои хоҷагии халқ ба ҳисоб мерафт.

Нимаи дуюми солҳои 50-уми асри гузашта давраи рушди бемайлони донишкадаи Кӯлоб буд. «Шумораи донишҷӯёни донишкада дар ин давра ба 750 нафар расида, дар се факулта: физикаю математика, таъриху филологияи тоҷик (дар 30 гурӯҳи таълимӣ), таҳсил мекарданд. Солҳои 1958-1959 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дар таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ яке аз пешсафҳо буд».

Дар ин соли хониш Ф. Усмонов, А. Сиддиқов, И.И. Палгиков, М. Назаршоев, А. Муъминов, А.В. Килкинов, М.Г. Ярошевский, Э.А. Загумёнова, Л.Г. Камолова, И. Тамлихоев, Ф. Қудратова, М. Қурбонов, Р. Юсупова, Х. Мухтаров, Б. Муродов, А. Суфиев, А.И. Аминов, П.А. Вайнгурт, М.Н. Чиликина, И.П. Конкова, М. Исмоилов, Р.Т. Токарёва, С. Азизов, Х. Қодиров, Ш. Раҳмонов, А. Акбаров, К.П. Марсаков, Б.Ғ. Боғиров, М.Л. Латипов, М.В. Читкова, С. Файзуллоев, В.Д. Пчелников, М.И. Махаревич, В.С. Мицнер, А. Асроров, В.А. Сивочуб, Е.Б. Амитин, Р.Ф. Иланова, Ш. Юсуфов, М.Г. Ризоев, С. Холмадов, О. Қурбонов, Ч. Мардонов ва дигарон кору фаъолият мекарданд. Дар байни онҳо 5 нафар номзади илм ва 3 нафар дотсент буданд.

Вале, соли 1960 дар натиҷаи кӯтоҳандешии баъзе роҳбарони Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Институти давлатии педагогии Кӯлоб барҳам дода шуда ва ба филиали Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) табдил дода шуд, аз соли 1960 то соли 1962 пурра фаъолият кард.

Дар натиҷаи ин дигаргунсозиҳо шумораи олимон, мутахассисон, омӯзгорон ва кормандони донишкада ба маротиб кам шуд. Масалан, бо фармони ректори донишкада №81 аз 17 августи соли 1960-ум «Вобаста ба мутаҳидшавии Донишкадаи педагогии Кӯлоб бо Донишкадаи педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко ва баҳри иҷрои фармони Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон аз 23 июни соли 1960, №134 оид ба ихтисори воҳиди кори кормандони Донишкадаи педагогии Кӯлоб» 31 нафар кормандони Донишкадаи педагогии Кӯлоб аз кор озод карда шуда, ба онҳо мукофотпулии дуҳафтаина дода шуд.

Донишкадае, ки дар давоми солҳои 1945-1960 аз нарасидани омӯзгорони варзида танқисӣ мекашид ва нав қомат рост карда буд, дар натиҷаи аз кор озод кардани омӯзгорону кормандон зарари ҷиддии маънавӣ дид. «Агар дар солҳои хониши 1959-1960 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб беш аз 750-800 донишҷӯ дошта бошад, дар соли хониши 1960-1961 аз онҳо танҳо 320 нафар, аз ҷумла 140 донишомӯзони курси чаҳорум ва 180 нафар донишомӯзони курси панҷум боқӣ монданд. Барҳам додани Донишкадаи омӯзгорӣ ба халқи ҳавзаи Кӯлоб зарари ҷиддии маънавӣ ва иқтисодӣ овард».

Дар барҳам додани Донишкада, албатта, беандешагӣ ва саросемагии кормандони ҳамонвақтаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Шурои Вазирони Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҳис карда мешуд.

Аксари омӯзгорони пуртаҷриба, ки аз гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омада буданд, ба дигар мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим шуданд. Дар байни онҳо доктори илми равоншиносӣ профессор М.Г. Ярошевский, номзади илми таърих, дотсент К.П. Марсаков, номзади илми фалсафа, дотсент Қ. Собиров, номзади илми таърих, дотсент Н. Латифов, муаллимони калон М.Н. Назаршоев, Н. Сафаров, А.Л. Спектор, Д.Г. Резник, А. Аминов, А. Асроров, А. Сатторӣ, Н. Кириленко ва дигарон буданд, ки донишкадаи давлатии педагогии Кӯлобро ноилоҷ тарк намуда, ба дигар шаҳрҳои собиқ ИҶШС рафтанд.

Муттаҳидшавии Донишкадаи педагогии Кӯлоб бо Донишкадаи педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко дар вазъи таърихие ба вуҷуд омад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни торафт болоравии нуфузу эътибори мактабҳои олӣ сурат мегирифт, шумораи дохилшавандагон ба ин боргоҳи илму маърифат торафт зиёд мешуд. Масалан, солҳои 1959-1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 омӯзишгоҳ амал мекард: омӯзишгоҳи томактабии Сталинобод, омӯзишгоҳи Ғарм, омӯзишгоҳи Панҷакент, омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб ва шумораи бисёри ҷавондухтарон ва ҷавонписарон ба ин омӯзишгоҳҳо дохил шуда, таҳсил мекарданд. Аз тарафи дигар шумораи ба мактабҳои олӣ дохилшудагон низ рӯ ба афзоиш оварда буд. Масалан, соли таҳсили 1960-1961 фақат ба донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) 905 нафар қабул шуда буданд, ки аз он шумора 365 нафарашон ба шуъбаи ғоибона, 150 нафар ба шуъбаи шабона ва 390 нафарашон ба шуъбаи ғоибона тааллуқ доштанд. Қабули донишҷӯён ба курсҳои 1-уми донишкадаҳои педагогӣ бошад дар ҳамин соли таҳсил 895 нафарро ташкил мекард, ки 420 нафарашон ба шуъбаи рӯзона, 400 нафарашон ба шуъбаи ғоибона ва 75 нафар ба шуъбаи шабона рост меояд.

Дар шароити болоравии ҷараёни умумии системаи маориф, ки талаботи замон буд, барҳам додани Донишкадаи педагогии Кӯлоб ба мақсад мувофиқ набуд.

Донишкада баъд аз 2 сол, бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурӣ аз 27 июли соли 1962 ба Донишкадаи соҳибихтиёри мустақил тадбил дода шуд, аммо зарурати объективии аз сари нав барқарор намудани Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб вобаста ба т алаботи р ӯзафзун б а кадрҳои омӯзгорӣ, равнақу ривоҷи Маорифи халқи вилояти Кӯлоб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пештар пайдо шуда буд. Ин зарурият дар мактуби расмии ректори Донишкадаи давлатии педагогии Сталинобод Х. Солеҳбоев ба унвони Раиси кумитаи давлатии таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва касбӣ-техникии Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Шокиров А.М. аз 10 майи соли 1961 пурра инъикос ёфта буд.

Мо лозим донистем, ки матни пурраи мактуби расмиро биёрем. «Вобаста ба муттаҳид кардани Институти педагогии Кӯлоб бо Институти педагогии Сталинобод ва барҳамдиҳии дар пешистодаи филиали ҳоло амалкунандаи Кӯлоб аз соли таҳсили 1961-1962 дар кори тайёр кардани мутахассисони омӯзгорӣ бо таҳсилоти олӣ барои мактабҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб метавонад вазъияти душвор ба амал ояд. Натиҷаи ин метавонад ба ҳолате орад, ки дар муддати тӯлонӣ мактабҳои ноҳияҳои минтақа бо муаллимони баландихтисоси таҳсилоти олидор таъмин нагарданд. Аз рӯи андешаҳои зерин дар шаҳри Кӯлоб нигоҳдошти филиали ҳолоамалкунандаи Институти педагогии Сталинободро мувофиқи мақсад медонем.

  1. Аз рӯи маълумотҳои омории шуъбаи маорифи гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб барои ин минтақа аз ихтисосҳои гуногун, аз 2774 муаллим, аз ҷумла аз фанҳои асосии мактабӣ танҳо барои мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аз физикаву математика 374 нафар, забон ва адабиёти тоҷик 172 нафар, забон ва адабиёти рус 299 нафар муаллим намерасад. Гузашта аз ин, дар ин гурӯҳи ноҳияҳо шумораи муаллимоне, ки аз рӯи тайёрии касбии худ ба фанни таълиммедодагии худ мувофиқ нестанд ва бояд ба мутахассисони таҳсилоти олидор иваз карда шаванд.
  2. Масалан, ба воситаи филиал ба Институт ҷалб намудани духтарони миллатҳои маҳаллӣ хеле осонтару самараноктар татбиқ шуда метавонад, зеро аксари онҳо имконият надоранд, ки баъди хатми мактаби миёна дар шаҳри Сталинобод, дур аз оилаи худ таҳсил намоянд. Аз ҳисоби донишҷӯёни курси 4-и филиал 14 духтари маҳаллӣ, аз рӯи вазъи оилавӣ ва дигар шароитҳо имкон надоранд дар соли таҳсили нав ба шаҳри Сталинобод ба таҳсил оянд. Агар филиал барҳам дода шавад, онҳо маҷбур мешаванд таҳсилро аз курси охирин тарк намоянд. Чунин ҳолат аллакай солҳои таҳсили 1960-1961 бо сабаби аз Кӯлоб ба Сталинобод гузаронидани қисми асосии донишҷӯён ҷой дошт.
  3. Дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб 300 нафар донишҷӯи ғоибхон зиндагӣ ва кор мекунанд, ки барои онҳо мувофиқи мақсад ва беҳтар аст, ки сессия, гузаронидани машварат, супоридани санҷишу имтиҳонот ва пешбурди дигар чорабиниҳои зарурӣ дар шаҳри Кӯлоб, дар филиал, чун пештар гузаронида шаванд.
  4. Базаи таълимӣ-моддӣ, воситаҳои асосӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, ки филиал дорад, пурра имкон медиҳад, ки онро дар оянда нигоҳдошта ва васеъ намоем. Дар он бинои таълимии махсус сохташуда барои 500 ҷой бо лабораторияҳо, инчунин бино барои хобгоҳи дорои 320 ҷой мавҷуд аст. Ғайр аз ин филиал китобхонаи калонро соҳиб аст, ки чи донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва чи шуъбаи ғоибонаро бо адабиёти таълимӣ ва бадеӣ пурра карда метавонад. Дар филиал ҳамчун толори хониш барои 80 ҷойи нишаст, толори варзишии махсус ва бинои нави замонавӣ барои ошхона мавҷуд аст ва ҳайати омӯзгорони филиал бо манзил пурра таъминанд. Нигоҳдошти филиал дар маҷмӯъ бо зиёдшавии маблағи сметашавӣ барои таъмини Институт намеорад.
  5. Мавҷудияти филиали Институт ва омӯзишгоҳи педагогӣ дар як бино на танҳо ба тамоми корҳои таълимӣ-тарбиявии ин муассисаҳо таъсири манфӣ надорад, балки базаи беҳтар шудани раванди корҳои таълимӣ-тарбиявӣ, бахусус, ду омӯзишгоҳи педагогӣ, ки барои филиал чи аз ҷиҳати базаи таълимию моддӣ ва чи аз ҷиҳати мутахассисон дар ба роҳ мондани корҳои таълимию тарбиявӣ ва методӣ ҳамаҷониба ёрӣ мерасонад.
  6. Барҳам додани филиал ва аз шаҳри Кӯлоб ба Сталинобод гузаронидани 130 донишҷӯи курси 5, инчунин қабули довталабон дар соли хониши 1961-1962 дар теъдоди 600 нафар контингенти донишҷӯён бо назардошти хатм (435 нафар), 300 нафар зиёд мегардад, ки ин Институти педагогии Сталинободро дар бобати таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ, дар ҳолати хеле ногувор мегузорад ва дар ташкили раванди таълим бо сабаби нарасидани синфхонаҳо, кабинетҳо ва лабораторияҳои таълимӣ душвориҳои зиёда ба миён меорад.

Бо дарназардошти мавҷудият ва ҳолати базаи таълимию моддӣ, мутахассисони омӯзгории филиал ба талабот ба мутахассисони омӯзгорӣ дар замони ҳозира ва дар 5-10 соли наздик дар сурати ҳалли мусбат ва нигоҳдории филиали Кӯлоб, мо мондани факултетҳои зеринро мувофиқи мақсад медонем:

  1. Филологӣ (бо ду ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус);
  2. Физика-математика бо ихтисоси математика ва физика. Қабули ҳарсола дар филиал 75-100 нафар, то ки баъди 3-4 сол контингенти муътадил теъдоди 400-500 нафар.

Институти педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко аз Шумо хоҳиш менамояд, ки барои ҳалли масъалаи зикршуда бо пешниҳод ба КМПК Тоҷикистон ва Ҳукумат дароед».

Ҳамин тариқ, бо хоҳишу дархостҳои пайвастаи устодону омӯзгорон ва меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дастгирӣ ва саъю та¬лошҳои шахсони алоҳидаи бономуси миллат-собиқ ректори Донишкадаи давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко Ҳотам Солеҳбоев, мудири шуъбаи илм ва мактаб- ҳои олии ҷумҳурӣ Рустамбек Юсуфбеков ва директори филиал Ниёз Сафаров нафақат филиали донишкада нигоҳ дошта шуд, балки ба қарори КМ ҲКТ ва Шурои вазирони ҶШС Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб боз ба донишкадаи соҳибихтиёр ва мустақил табдил ёфт.

Новобаста аз душвориҳои бамиёномада Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб дар давоми солҳои 1945-1960 фаъолияти худро пайваста идома дод, барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ кадрҳои зарурии педагогиро тайёр намуд. Дастпарвароне, ки дар солҳои вазнини баъдиҷангӣ донишкадаро хатм намуда буданд, на танҳо дар соҳаи маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, инчунин, дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, дар пешрафти ҷумҳурӣ нақши босазо гузоштанд.

Донишкадаи дусолаи муаллимии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдeллоҳи Рӯдакӣ) аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар минтақаи Кӯлоб маҳсуб мешавад ва дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассире дорад. Дар солҳои 1945-1960- ум вазифаи директор ва баъдтар ректории Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлобро шахсони маъруфи зерин ба уҳда доштанд: Раҳмон Каримов (аз моҳи августи соли 1945 то моҳи феврали соли 1948), Бозор Шарифзода (аз моҳи феврали соли 1948 то моҳи сентябри соли 1948), Муҳамадалӣ Исматуллоев (аз моҳи сентябри соли 1948 то моҳи ноябри соли 1950), Худойназар Маҳмадназаров (аз моҳи январи соли 1951 то моҳи августи соли 1953), Ашраф Сиддиқов (аз моҳи августи соли 1953 то моҳи декабри соли 1953), Ҳамид Хоҷаев (аз моҳи декабри соли 1953 то моҳи августи соли 1957), Назаршо Латипов ( аз моҳи августи соли 1957 то моҳи августи соли 1960), Ниёз Сафаров (аз моҳи августи соли 1960 то моҳи июли соли 1962). Онҳо дар замони кору фаъолияти худ барои рушду камоли ин боргоҳи илму маърифат ҳиссаи босазое гузоштанд.

Хулоса, нуктаҳои аз фаъолияти устодону дастпарварони Донишкадаи давлатии Кӯлоб, ки дар боло зикрашон рафт, инъикоси пурраи дастовардҳои ин боргоҳои илму маърифат буда наметавонанд. Он маводу масоили аз назари муаллифи ин мақола берун мондаро табиист, ки таҳқиқгарони ояндаи таъри¬хи донишгоҳ вобаста ба рушди зинаҳои мактабу маориф пурра хоҳанд кард.

Абдуллоев Маҳмуд-доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рӯзномаи “Анвори дониш” аз 12.12.2024, №9 (354)

Related Articles

Leave a Comment