Home ХАБАР ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ДАСТОВАРДҲОИ НАВТАРИНИ СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ

ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ДАСТОВАРДҲОИ НАВТАРИНИ СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ

by admin
1 views

Санаи 4-уми декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон-Россия “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д. Ушинский» ба муносибати 4-уми декабр-Рӯзи информатика дар Россия, чорабинӣ таҳти унвони “Таълими оянда бо технологияҳои нав» баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки 4-уми декабр ҳамчун зодрӯзи информатикаи Русия дониста мешавад! Ин рӯзро аз он ҷиҳат дар ин кишвар чун зодрӯзи илм таҷлил менамоянд, ки дар таърихи технология рӯйдоди муҳим аст. Зеро маҳз дар 4-уми декабри соли 1948 аввалин кашфи бузург дар соҳаи информатика анҷом дода шудааст, яъне ин рӯйдод 14 сол пеш аз истилоҳи «информатика» аз ҷониби олими шӯравӣ Александр Харкевич пешниҳод карда шудааст. Имрӯз ҳам ин илм босуръат инкишоф ёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла маориф, тиб, саноат ва бисёр дигар соҳаҳо мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Зимни баргузории чорабинӣ як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳбарии парки технологӣ, маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ бо  дастовардҳои навтарини соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки дар раванди таълим дар муассисаи мазкур фаъолона истифода мешаванд, шинос шуданд.

Related Articles

Leave a Comment