Home ХАБАР ДАРСИ НАМУНАВӢ: ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОН

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОН

by admin
2 views

Санаи 25-уми ноябри соли 2024 Ашурмадова Давлатмоҳ – мураббии кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гурӯҳи тарбиятгирандагони синни 4-5-солаи кӯдакистон дарси намунавӣ гузаронид.

Дар дарс диреткори кӯдакистон, номзади илмҳои педагогӣ Саодати Раҳмоналӣ, мураббияҳо ва тарбиятгирандагон иштирок доштанд.

Мавзуи дарс “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” муқаррар гардида буд, ки мураббӣ дар амал тарбиятгирандро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт, ҳамзамон қайд намуд, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Дар идома тарбиятгирандагон дар бораи парчам, ки рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад шеъру суруд қироат намуданд.

Мақсади дарс баланд бардоштани қобилияти дарку фаҳмиш ва ғани гардонидани ҷаҳони маънавии тарбиятгириандагон доир ба мавзуъ ва таҷриба андӯхтани мураббияҳои ҷавон дар назар дошта шудааст.

Related Articles

Leave a Comment