Home ОЗМУНҲО ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА ШОИСТАИ ИФТИХОР ДАР ҲОШИЯИ ИСТИҚБОЛ АЗ 32-СОЛАГИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА ШОИСТАИ ИФТИХОР ДАР ҲОШИЯИ ИСТИҚБОЛ АЗ 32-СОЛАГИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

by admin
2 views

Дар таърихи 24.11.2024 дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷӯёни донишгоҳ-ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Ғолибонро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар меҳмонон дар вазъияти тантанавӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.

Сипас, зимни баргузории  чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ғолибонро табрику шодбош гуфта, дастоварди бузург ва шоистаи ифтихорро дар ҳошияи истиқбол аз 32-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон табрику шодбош гуфтанд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки шарафи бузург ва ифтихори фаровон аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 3 ҷойи намоён (1 ҷойи якум дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихороти Донишгоҳро баланд бардоштанд.

Дар идома фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба ҳавасмандгардонидани ғолибон ва роҳбарони онҳо ба самъи ҳозирин расонида шуда, ғолибон ва роҳбарони онҳо бо  сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

#ҶОЙИ_ЯКУМ

  1. Гулизори Абдуқодир — донишҷӯи курси сеюми факултети химия ва биология дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик», зери роҳбарии Сафаров Файз Ашурович – шоир, роҳбари маҳфили адибони ҷавони донишгоҳ;

#ҶОЙИ_СЕЮМ

  1. Саида Бобоева – магистранти соли дуюми факултети филология хориҷӣ дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон», зери роҳбарии Шарофат Худойдодова-дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ;
  2. Зиёвуддин Дустаҳмадзода — донишҷӯи курси чоруми факултети филология тоҷик ва журналистика дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик», зери роҳбарии Зулфиев Гадомад – дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика;

#ИФТИХОРНОМА

  1. Мафтунаи Сафархон — донишҷӯи курси  дуюми  факултети филологияи  тоҷик  ва  журналистика дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик», зери роҳбарии Зулфиев Гадомад – дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика;
  2. Аҳмадзода Сафина — донишҷӯи курси сеюми факултети физика ва математика дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик», зери роҳбарии Ашурова Саодат – ҷонишини декани факултети физика ва математика оид ба корҳои тарбиявӣ.

Related Articles

Leave a Comment