Имрӯз (20.03.2024) дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии мутантани фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Наврӯз — муждаи баҳору сарсабзии табиат” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар саҳни донишгоҳ донишҷӯёни ҳар як факулта хони идона ороста, ҷашни Наврӯзро пайвандгари насли имрӯз бо расми арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон маънидод намуданд. Ҳайати комиссия аз дастоварду намоиши фарҳангии донишҷӯёни факултаҳо дидан карданд. Дар хони наврӯзии факултаҳо риояи расму оинҳо, густурдани хони ҳафтсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, омода сохтани таомҳои миллӣ ба истиқболи Наврӯз як рукни асосии ин ҷашни ниёгон буд.
Баъд аз тамошои хони идона ва дастовардҳои факултетҳо қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳу муқаддаси аҷдодӣ, дастоварди нигиннамои фарҳанги миллӣ, муждаи баҳору сарсабзии табиат – Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳатии бардавом, сарбаландии мудом, рӯзгори ободу хуррам ва дар фаъолияти касбӣ, илмию таълимӣ, иқболи накуву комёбиҳои рӯзафзун таманно намуданд. Зикр доштанд, ки эҳёшавии анъанаҳои неку пурҳикмати наврӯзӣ, мақоми байналмилалии ин ҷашнвораи нуфузафзои миллатро, ки бо шарофати татбиқи босамари сиёсати башардӯстона ва тамаддунофари Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун василаи саодату пирӯзии аҳли башар, ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоиштаи халқу миллатҳои гуногун, ҳифзу қадршиносии неъматҳои табиат пазируфта шудааст, метавон дастоварди бисёр муҳимму ҳуввиятбахши даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору қаноатмандӣ медонанд, ки: Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.
Ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса ба хотири эҳтиром гузоштан ба суннатҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ва амалӣ намудани рукнҳои Наврӯз бо ташкили маҳфилҳои идона ин ҷашнро бо рӯҳияи ифтихормандӣ аз сулҳу суботи Ватан пешвоз гарифтанд.
Сипас, роҳбари дастгоҳи МИҲД шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба сухан баромада, ҳозиринро ба ин ҷашн, ки пайвандгари инсон бо табиат аст табрику таҳният намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар донишгоҳ ҳамасола дар ҳошияи истиқбол аз ҷашни Наврӯз як қатор озмунҳо, аз ҷумла “Факултети сол”, “Олими сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол”, “Куратори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Варзишгари сол”, “Маҳфили сол”, “Ҳуҷраи беҳтарин дар хобгоҳ” ба роҳ монда мешавад. Имрӯз низ ғолибони озмунҳои болозикр ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо тӯҳфаҳо ва маблағҳои пулии таъсиснамудаи раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон чанде аз устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо Сипосномаи таъсиснамудаи кумитаи тадорукот, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назаррас қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ансамбли “Наво”-и Донишгоҳ дастагуле аз савту наво пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба ҳусни чорабинӣ зебоии дигар зам намуд.