Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МОДАР, ЧУ ОФТОБИ ДУРАХШОН ЯГОНАӢ

МОДАР, ЧУ ОФТОБИ ДУРАХШОН ЯГОНАӢ

by admin
144 views

Барои ҷомеаи башарӣ рӯзи 8-уми март, яъне Рӯзи Зан-Модар аз беҳтарин рӯзҳои сол ба шумор меравад, зеро ин рӯз ба олиҳае бахшида шудааст бо номи Модар! Модарон беҳтарин дороӣ ва ганҷина дар рӯи оламанд. Доир ба азамату бузургӣ ва меҳрубониву бахшояндагии ӯ гуфтаанду мегӯянд.  Ҳамеша ин калому алфози самимӣ: “Модар! Эй илоҳаи меҳр. Ту гули хушбӯ аз биҳиштӣ, ки гулхонаи дилам аз атри ту саршор аст. Модар ба поси он чӣ, ки ба мо додаӣ, ба ситоиши муҳаббатҳои беандозаат ва ба вусъати ҳамаи хубиҳоят,  имрӯз туро васф мекунам”, вирди забонҳост.

Дарвоқеъ, модар ҳаётбахшандаву бавоярасонандаи фарзанд ва раҳнамову ҳидоятгаранд. Модарон арзандаи эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.

Модарон зеби хонаву нури чашмони фарзандонанд. Бо будани онҳо хонадони мо зеботарин боғи биҳишт ва дилработарин манзара дар олами ҳастист. Адибони мо доир ба модар таълифоти зиёдеро рӯйи коғаз оварда, ӯро лутфи Холиқ ва аз Ӯ нишона донистаанд. Ба андешаам шоир Давлат Сафар ин мавридро зебову дилнишин баён менамояд:

Модар, чу офтоби дурахшон ягонаӣ,
Эй нурбахши зиндагиям, зеби хонаӣ.
Аз аллаҳову ҷунбиши гаҳвораам ҳанӯз,
Бо ҳар баҳона ёд кунам, бебаҳонаӣ.
Дар лобалои меҳри ман, эй қиблаи умед,
Меҳроби сарнавишт ба ҳар як таронаӣ.
Бе васфи шеърҳои ҳама шоирони давр,
То ҳаст осмону замин, ҷовидонаӣ.
Дасти қалам ба домани меҳрат намерасад,
Эй шеъри ноб, марҳамати шоиронаӣ.
Ҷамъи фариштагон ҳама гар пайравони туст,
Аммо, ту лутфи Холиқу аз Ӯ нишонаӣ!

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқлоляти давлатӣ тавонист барои Зан-Модари тоҷик озодандешӣ,  зиндагонии шоиста ва заминаи мусоидро барои кору фаъолият фароҳам оварад. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан, инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қушунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватану осоиштагии миллат расонида истодааст.

Бо таманнои рӯзгори орому осуда бонувони гиромиро ба Рӯзи Модар табрику шодбош мегӯям.

Саъдуллоев Зафар- директори парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment