Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
135 views

Таърихи 6-уми марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ — фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳ, занону бонувони фаъоли шаҳр, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ модарон, бонувон, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фарорасии иди меҳру вафо, покиву садоқат ба зан-модар 8-уми март- Рӯзи Модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба ҳозирин ва кулли зан-модари тоҷик саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуданд.

Ҳамчунин зимни баромад иброз намуданд, ки дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтироми тоҷик, ки қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад ва сиришти онҳо аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст, нишонаи арҷгузорӣ ба олиҳаест, ки бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, илму маърифатро парвариш мекунад ва тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти инсон ва рушду камоли башар сарф менамояд.

Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кули сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Баланд бардоштани мақоми зан-модар ва арҷгузорӣ ба шахсияти ӯ аз ҳаққи табиӣ ва рисолати зиндагисози ӯ бармеояд. Зеро, модар вуҷуди муқаддас буда, оғозгоҳи зиндагӣ низ ба ӯ марбут аст. Зан-модар олиҳаест, ки шукӯҳу ҷилои сайёра ва гармии хонавода аз меҳру муҳаббати ӯ сарчашма мегирад.

Ҳамчунин дар идома бо як ҷаҳон самимияту муҳаббат иброз доштанд, ки ҷашни фархундаи модар, ки дар арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз мувофиқ омадааст, бигузор барои Шумо дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ файзу нусрат оварда, симои Шуморо ҳамчун зани фархундаву зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору бунёдкор ва ҳунарманду кадбону барои ҳамешагӣ ҷовидон гардонад.

Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб- Даминзода Арафамо, шоираи маҳбуб- Хосият Вализода ва чанде аз бонувони фаъоли шаҳр ба сухан баромада кулли иштирокчиён ва занону бонувонро ба Рӯзи Модар табрику шодбош гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди корҳои бунёдиву созандагиро таманно намуданд.

Дар идома  бо ибтикори раёсати Донишгоҳ як гурӯҳ омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, омодасозии мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо «Сипоснома»-и ректори Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-

фароғатии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Модар бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари меҳру муҳаббат, азамату бузургии зан-модар, васфи зебоии ин олиҳаи ҳастӣ ва тараннуми сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба дилҳо шодиву сурур бахшид.

Related Articles

Leave a Comment