Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛӢ ДОРАД

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛӢ ДОРАД

by admin
179 views

Ҳуқуқи инсон дар шакли назарияҳо ташаккул ёфта, ҳамчун объекти бевоситаи танзими ҳуқуқӣ баромад мекунад. Дар масири таърих инсон баҳри ноил гаштан ба ҳуқуқҳое, ки ба ӯ зиндагии шоиста ва озодиро таъмин менамоянд, муборизаҳо бурда, ҷонбозиҳо кардааст. Дар сатҳи давлатӣ ҳуҷҷатҳои махсус оид ба ҳуқуқи инсон таҳия ва қабул карда шуданд. Ҳуқуқи инсон ҳамчун ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, ки онро давлат кафолат медиҳад, ба расмият шинохта мешавад. Эъломияҳо, конститутсияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки ҳуқуқи инсонро мустаҳкам карда, баҳри таъмини онҳо кафолатҳои зарурӣ муҳайё намуданд. Эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бар дӯши давлат мебошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи худ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд. Воқеияти ин гуфтаҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки инсондӯстӣ дар Паём чунин ифода намудаанд: «рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад». Дар чаҳорчӯбаи ин раванд дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ эъломияҳо, барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, конститутсияҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо боиси такмили робитаи давлат ва шахс гардиданд.

Робитаи давлат ва  шахс ба сатҳи байналмилалӣ мебарояд, чунки сиёсати хориҷии ҳамагуна давлат идомаи сиёсати хориҷии он мебошад. Таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ (терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, офатҳои табиӣ  ва дигар) саъю кӯшиши ҳамаи давлатҳоро тақозо дорад. Дар даҳсолаҳои охир фаъолияти муштараки давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи тағйири иқлими сайёра, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби тоза, пешгирии гуруснагӣ ва ғайра вусъат меёбад. Аз ҳалли ин ва дигар мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмини ҳуқуқи инсон вобастагӣ дорад.

Иқтидори молиявӣ ва иқтисодии давлати миллӣ, захираҳои энергетикӣ, ашёи хом ва ғайра, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ дар шароити таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ, ҳамчунин, сатҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳонии башарият ба робитаи давлат ва шахс таъсири бевосита мерасонанд. Вусъати бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, зарурати ҳимояи арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳанги миллӣ дар шароити таъсири манфии фарҳанги бегона боиси афзоиши муқобилият ҳуқуқи инсон, ки хилофи фарҳанги миллӣ мебошанд, мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора карданд, ки «Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи таърихӣ заминаҳои мафкуравӣ, равонӣ, назариявӣ ва фарҳангӣ тамаддунии робитаи давлат ва шахс ташаккулу такмил ёфтаанд. Онҳо бо заминаҳои ҳуқуқӣ омехта шуда буданд. Таҳлили заминаҳои фарҳангӣ тамаддуни робитаи давлат ва шахс барои дарки мазмун ва шакли ҳуқуқии он аҳаммияти илмӣ, амалӣ ва фарҳангӣ дорад. Айни замон таҳқиқи назарияҳои ҳуқуқи инсон барои таҳлили моҳияти гуманитарии робитаи давлат ва шахс аҳаммият дорад. Мазмуни робитаи давлат ва шахсро дар ҳошияи сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дар заминаи таҳқиқоти ҳаматарафаи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, назарияҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, шароити таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии инкишофи ҳуқуқи инсон муайян намудан мумкин аст. Дар марҳилаҳои пештараи инкишофи таърихӣ бо дарназардошти омехта будани соҳаҳои гуногуни дониши инсонӣ паҳлуҳои гуногуни назарияи ҳуқуқи инсон ҷузъи фалсафа, этика ва илмҳои компютерӣ буданд.

Ҳақназаров Толибҷон, муаллими калони кафедраи методикаи таълими информатикаи факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment