Санаи 01.03.2024 Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришоти раёсати Донишгоҳ ва нақшаи дурнамои маводи нашрӣ семинари илмӣ-омӯзишро доир ба «Тартиби таҳияи китобҳои дарсӣ тибқи талаботи муосир» баргузор гардонид.
Дар кори семинари омӯзишӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, сардори Раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, мудирони кафедраҳо ва омӯзгороне, ки ба таҳияи китобҳои дарсӣ машғуланд, иштирок доштанд.
Семинари омӯзишӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон оғоз гардид. Дар идома сардори Раёсати илм ва инноватсия Шарипов Анвар оид ба «Тартиби таҳияи китобҳои дарсӣ тибқи талаботи муосир» баромад намуда, дар робита ба тартиб ва муқаррароти таҳияи китобҳои дарсӣ нуктаҳои ҷолиби диққат ва асоснокро манзури иштирокчиёни семинар гардонида, таъкид доштанд, ки яке аз омилҳои ба ташвиш оварандаи ҷомеа дар замони нав, коста гардидани арзишҳои ахлоқӣ дониста мешавад. Дар робита ба ин, баланд бардоштани нақши тарбиявии китобҳои таълимӣ, афзалият додан ба волоияти арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва ифтихори ватандорӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, ки бояд дар китобҳои дарсӣ ба таври ҳатмӣ инъикоси худро ёбад.