Санаи 29.02.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи баргузонии ҷаласаи Шурои олимон бо ибтикор ва дастгирии раёсати Донишгоҳ ғолибони даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин робита фармоиши ректори донишгоҳ ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ба тасвиб расида, ғолибони даври донишгоҳии озмун бо “Ифтихонома” ва мукофоти пулӣ ба таври зерин ҳавасманд гардонида шуданд:
- Одинаева Мавзуна Амрохоновна – магистранти курси 1-уми ихтисоси забони англисии факултети филологияи хориҷӣ, барои ишғоли ҷойи якум, дар ҳаҷми се стипендияи муқаррарӣ;
- Мадасани Азизмад – магистранти курси 2-юми ихтисоси географияи факултети иқтисод ва идора, барои ишғоли ҷойи дуюм, дар ҳаҷми ду стипендияи муқаррарӣ;
- Тошматов Хусрав Фарҳодович – магистранти курси 1-уми ихтисоси рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик ва журналистика, барои ишғоли ҷойи дуюм, дар ҳаҷми ду стипендияи муқаррарӣ;
- Давлатов Умедҷон Муҳибуллоевич – магистранти курси 1-уми ихтисоси биологияи факултети химия ва биология, барои ишғоли ҷойи сеюм, дар ҳаҷми як стипендияи муқаррарӣ;
- Абдураҳмонова Мавлуда Собирҷоновна – магистранти курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус, барои ишғоли ҷойи сеюм, дар ҳаҷми як стипендияи муқаррарӣ;
- Парвинаи Бахтиёр – магистранти курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти ибтидоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, барои ишғоли ҷойи сеюм, дар ҳаҷми як стипендияи муқаррарӣ;
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккули афкори солим, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эхсоси худшиносию меҳанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими зеҳни миллии ҷавонон, равона намудани онҳо ба илмомӯзӣ, бедор намудани завқи китобхонӣ ва илмдӯстӣ, тақвияти чаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳозирҷавобӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими захираи луғавӣ, фаъолгардонии раванди забондонӣ, беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимии магистрантон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида шуд.