Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
81 views

28.02.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Маркази рушди касбият ва инноватсия ва факултети физика ва математика, конфронси ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар саноаткунонии босуръати кишвар” баргузор гардид.

Дар маҳфил муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети физика ва математика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самарддинова Зайнаб, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Ғаффоров Саттор, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Изатов Умед ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз гардид.

Сипас, Иззатуллозода Убайдулло, донишҷӯи курси 3-юми факултети физика математика дар мавзуи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар саноаткунонии босуръати кишвар” зери роҳбарии дотсент, Ғаффоров Саттор, Ёдгорбии Асламхон, донишҷӯи курси 4-уми факултети мазкур дар мавзуи “Раванди амалисозии ҳадафи 4-уми стратегии саноатикунонии босуръати кишвар” таҳти роҳбарии мудири кафедраи методикаи таълими физика, дотсент  Парвинаи Усмон ва  Амрохонова Меҳрона, донишҷӯи курси 3-юм дар мавзуи “Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ- заминаи устувори навовариҳо ва пешрафти илму техналогия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо роҳбарии мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, дотсент Акрамова Рухшона маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Саттор Ғаффоров бобати мавзуи баррасишавандаи конфронс, яъне нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар саноаткунонии босуръати кишвар ақидаҳои хешро иброз доштанд.

Дар охир маҳфил бо суолу ҷавоб миёни устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment